Вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ босубот ва устувор аст

Март 10, 2017 12:18

ДУШАНБЕ, 10.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Мушоҳида ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки вазъи имрӯзаи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта нисбатан босубот ва устувор мебошад.
Тавре ки аз Бонки миллии Тоҷикистон хабар доданд, дар ҳамин давраи соли гузашта қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 10,6 фоиз ва қурби нақдии он 5,7 фоиз коҳиш ёфта буд, дар соли равон коҳиши қурби расмӣ 1,7 фоиз ва қурби нақдии он 4,8 фоизро ташкил додааст. Суръати коҳиши қурби расмӣ нисбат ба қурби нақдӣ дар соли гузашта баландтар буда, дар соли ҷорӣ ин таносуб вазъи баръаксро дорад.
Ин ҳолат ба он оварда расонид, ки фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар ҳамин давраи соли ҷорӣ аз 2 фоиз зиёд шавад.
Дар айни замон ин ҳолат ба баландшавии қурби воқеии самараноки сомонӣ нисбат ба рубли русӣ ва дигар асъори хориҷӣ ва пастшавии он нисбат ба доллари ИМА мусоидат кардааст. Нишондиҳандаи мазкур сатҳи самаранокии фаъолияти иқтисоди хориҷии кишварро дар муносибат бо давлатҳо шарикони асосии тиҷоратӣ инъикос менамояд ва вазъи ҷойдоштаи он далели номутаносибии тавозуни савдои ҷумҳурӣ мебошад.
Аз ин рӯ, бояд ин номутаносибӣ, яъне баланд будани қурби воқеии самараноки сомонӣ нисбат ба рубли русӣ ва паст будани он нисбат ба доллари ИМА тавассути баланд кардани суръати коҳиши қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ҳар чӣ зудтар бартараф карда шавад.
Тағйирёбии аз эътидол беруни қурби пули миллӣ асосан дар бозори хариду фурӯши доллари ИМА-и нақд ҷой дошта, тағйирёбии қурбҳои он дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мӯътадил мебошад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳаҷми асосии хариду фурӯши асъори хориҷӣ ба таври ғайринақдӣ дар қисмати бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ (дар ду моҳи соли 2017 мувофиқан 20,1% ва 68,1%) анҷом дода шуда, қарордодҳои нақдӣ ҳиссаи ночизи онро (11,8%) ташкил менамоянд.
Ин рақамҳо далели онанд, ки ҳиссаи асосии талабот ба асъори хориҷӣ барои пардохти арзиши воридоти мол (кор ва хизматрасониҳо) дар ин ду қисмати бозор бо қурбҳои мубодилавӣ нисбатан устувор қонеъ гашта, ин ҳолат ба яке аз омилҳои ҳалкунандаи мӯътадил боқӣ мондани нархҳо (сатҳи таваррум) дар ин давра табдил ёфтааст.
Аз ин рӯ, бо мақсади барқарор кардани сатҳи зарурии самаранокии иқтисодиёт ва рақобатпазирии тиҷорат, иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии давлат ва таъмини маблағгузории асъории барномаҳои муҳимтарини давлатӣ зарурати вобаста ба қурби миёнавазни доллари ИМА дар бозори байнибонкӣ ва дохилибонкӣ якдафъаина тасҳеҳ (коррексия) кардани қимати қурби расмии доллари ИМА ба миён омад.
Дар баробари ин, Бонки миллии Тоҷикистон ҳамарӯза вазъи бозори дохилии асъор ва тағйирёбии қурби пули миллиро зери мушоҳидаю таҳлил ва назорати доимӣ нигоҳ дошта, имрӯзҳо ва минбаъд барои таъмин кардани суботи бозори дохилии асъор ва устувории қурби пули миллӣ тамоми воситаю имкониятҳои заруриро дорад.

Март 10, 2017 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон вобаста ба меъморӣ ва шаҳрсозӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир шуд