Вохӯрии курсантони Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар партави Соли ҷавонон

Март 16, 2017 16:24

ДУШАНБЕ, 16.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Курсантон ҳар рӯзи худро бояд ба омӯзиши илму донишҳои муосир сарф намуда, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёташон беҳуда гузарад. Ин суханоне буданд, ки зимни вохӯрии сардорони шуъбаҳои милитсияи як зумра шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо толибилмони Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён гардиданд.
Тавре аз Вазорати корҳои дохилӣ хабар доданд, дар ҷамъомад сардори ин муассисаи таҳсилоти касбӣ Файзалӣ Шарифзода иброз дошт, ки «барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия моро зарур аст дар тамоми зинаҳои таҳсилот, бахусус, дар зинаи таҳсилоти касбӣ на ба шумора, балки ба сифати он диққати ҷиддӣ дода, мутахассисони ҷавобгӯи талаботи замони муосирро тарбия намоем. Вохӯрии имрӯзаи сардорони ШВКД-ҳои шаҳру ноҳияҳо бо курсантон дар Соли ҷавонон ба он хотир гузаронида мешавад, ки шогирдони мо бо кори амалӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ шинос шуда, бо масъулини шуъбаҳои милитсия оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти хизматии онҳо табодули андеша намоянд».
Дар ҷамъомад ҳамчунин доир ба масъалаҳои терроризму экстремизм ва фаъолияти равияву ҷараёнҳои тундрави хатарнок сухан гуфтанд.

Март 16, 2017 16:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид