Вохӯрии Рамазон Раҳимзода бо сарбозону афсарони қисми низомии 6592

Март 14, 2017 17:22

ДУШАНБЕ, 14.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Рамазон Раҳимзода ба қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ, воқеъ дар шаҳри Турсунзода рафта, бо сарбозону афсарони ин ниҳод вохӯрд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни боздид Вазири корҳои дохилӣ бо ҷараёни хизматбарии сарбозону афсарон, шароити моддию маишӣ, ҷойи хоб, ошхона, ҳаммом, толори варзишӣ шинос шуда, бо ҳайати шахсӣ аз наздик суҳбат кард.

Зикр гардид, ки роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ барои беҳдошти вазъи моддию маишӣ ва баланд бардоштани рӯҳияи сарбозону афсарони қисми низомии мақомоти корҳои дохилӣ тамоми тадбирҳоро меандешад, то фарзандони далеру шуҷои Ватан дар шароити мусоид ба Модар — Ватан содиқона ва софдилона хизмат намоянд. Сарбозону афсарони қисми низомии 6592-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД аз шароити хуби муҳайёгардида ба роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ изҳори сипос намуданд.

 

Март 14, 2017 17:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд