Захираи саривақтии ангишт кафолати гармидиҳӣ дар пойтахт ва фаъолияти корхонаҳои саноатӣ аст

Март 15, 2017 20:39

ДУШАНБЕ, 15.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. Субҳи дирӯз дар назди муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим ҷаласаи корӣ бо масъулини Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ ва соҳаи истихроҷу интиқол, нигоҳдорию истифодабарии ангишт баргузор гардид.

Дар оғози ҷаласа муовини Сарвазир таъкид намуд, ки тибқи супориши Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зимистони соли 2017-2018 ба шабакаҳои гармидиҳии мавҷуда пайвастшавии зиёда аз 1500 адад биноҳои баландошёна ба нақша гирифта шудааст.

Мутобиқи  ҳисобҳои пешакӣ талаботи воқеии иқтисоди кишвар бо шумули корхонаҳои саноатӣ, аҳолӣ ва Марказҳои барқу гармидиҳӣ ба ангишт дар соли 2017 зиёда аз 1,8 млн. тоннаро ташкил мекунад.

Мутаасифона иҷрои Нақшаи интиқоли ангишт барои моҳи марти соли ҷорӣ, ки 59 ҳазор тонна мебошад, комилан ба талабот ҷавобгӯй нест ва масъулини соҳа вазифадор мебошанд, ки дар кутоҳтарин муҳлат ҷиҳати тағйир додани ҳолат чораҳои тахассуси андешанд. Ба роҳбарияти Вазорати энергетика ва захираҳои об ва ШСХК «Барқи Тоҷик» супориши қатъӣ дода шуд, ки нақшаи интиқоли ангиштро тавассути вобаста кардани мошинҳо ба конҳо дар муҳлати пешбинишуда таъмин намоянд, зеро вақт интизор намешавад.

Мутобиқи маълумоти Вазири саноат ва технологияҳои нав, айни замон аз ҷониби субъектҳои соҳа 201 ҳазор тонна ангишт истихроҷ гардидааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 40 ҳазор тонна зиёд мебошад. Иттилоъ дода шуд, ки истихроҷи ангиштро дар ҳаҷми пешбинишуда саривақт таъмин  менамоянд.

Муовини Сарвазир  бори дигар ба Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи куҳкорӣ хотиррасон намуд, ки  субъектҳои соҳа бояд истихроҷи ангиштро дар асоси лоиҳаҳои тасдиқшуда ба роҳ монанд, илова бар ин вақти он расидааст, ки онҳо тарзи саноатии истихроҷи ангиштро марҳила ба марҳила роҳандозӣ намоянд, зеро бо чунин тарз истихроҷ намудани ангишт, дар ниҳоят метавонад, оқибатҳои рафънопазир дошта бошад.

Март 15, 2017 20:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид