Зан-сарчашмаи зиндагист

Март 3, 2017 16:49

ДУШАНБЕ, 03.03.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Зан сарчашмаи зиндагӣ»-таҳти чунин унвон ба ифтихори Соли ҷавонон ва ҷашни Рӯзи Модар дар факултети муҳандисӣ-технологии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри  Хуҷанд байни донишҷӯён озмун баргузор шуд.

Озмун аз рӯи се шарт- расмкашӣ, мӯйбофӣ ва ҳинокашӣ доир гардида, наздики 50 нафар донишҷӯён маҳорат ва ҳунари худро нишон доданд.

Расмҳои кашидаи донишҷӯён симои занони тоҷикро дар худ таҷассум намуда, духтарон чандин намуди мӯйбофию ҳинокаширо манзури аҳли нишаст гардонданд.

Директори донишкада Дилафрӯз Саидӣ ғолибонро бо Соли ҷавонон ва Рӯзи Модар табрик намуда, ба ғолибон туҳфаҳои раёсатро тақдим намуд.

Ёдовар мешавем, ки аз  ин пеш бахшида ба рушди туризм дар Тоҷикистон озмуни «Тоҷикистон- минтақаи туризм» доир гардида буд, ки аз ҷониби коршиносон ҳунари зардӯзиву дӯзандагӣ, наққошиву меъморӣ ва дигар армуғонҳо   баҳои баланд гирифтанд.

 

Март 3, 2017 16:49

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд