Зариф Мирдадо: «Фазилати таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа мебошад»

Март 22, 2017 08:52

ДУШАНБЕ, 22.03.2017 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати  фарорасии иди Наврӯзи байналмиллалӣ, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Ашт бо иштироки Зариф Мирдадо, Раиси ноҳияи Ашт ва Азизмуҳаммад Холмуҳаммадзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон толори фарҳангии  замонавӣ ба истифода дода шуд.

Зариф Мирдадо ҳозиринро бо ҷашни Наврӯз табрик намуда, гуфт: «Наврӯз ҷашни қадимӣ ва анъанавии мардуми тоҷикон мебошад. Таърихи ташаккули Наврӯз ба эҳё гардидани табиат дар баҳорон, ки пас аз зимистон фаро мерасад, вобаста аст. Наврӯз бо обу хок, марзу бум ва рӯҳи зиндагисозу тамаддунофари аҷдоди мо пайванди ногусастанӣ дошта, расму оинҳои он дорои рамзҳое мебошанд, ки аз қадим то имрӯз бо рӯзгори мардуми созандаву ободгар ва фарҳангии мо созгоранд. Фазилати дигари таҷлили Наврӯз ҳамдиливу сарҷамъии аҳли ҷомеа ва хушҳоливу хурсандии мардум  мебошад».

Ёдовар мешавем, ки толори фарҳангии навбунёд дорои 200 ҷои нишаст буда, бо харҷи  зиёда аз 60 ҳазор сомонӣ сохта шудааст.

 

Март 22, 2017 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд