10 апрел-Рӯзи таъсиси Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ

Апрель 10, 2017 17:51

«Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки маҳз дар солҳои душвори мухолифати дохилӣ ва шиддат гирифтани ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Қӯшунҳои дохилӣ, бахусус афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 3502 ва 5453 қарзи ватандории хешро садоқатмандона иҷро карда, дар бисёр амалиёти махсус оид ба безараргардонии гурӯҳҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ, амалҳои террористӣ ва ошӯбҳои зиддиконститутсионӣ ҳамеша пешсафи набардҳо буданд».

Эмомалӣ Раҳмон

ДУШАНБЕ, 10.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ба таъсиси Қӯшунҳои дохилӣ 24 сол пур шуд. Ин муҳлат гарчӣ дар назди таърих он қадар зиёд набошад ҳам, вале барои ин ниҳоди пурқудрат як марҳилаи ниҳоят душвор ва муҳим дар роҳи суботу оромӣ ва амнияти кишвар буд. Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимоми давлатдориро ба қувваҳои солиму ҳақиқатан ватандӯст бо сарварии Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дод, дар симои Қӯшунҳои дохилӣ низ муттакои боэътимоди давлатиро медид. Чаро ки ҳайати шахсии ҷузъу томҳои ин сохтори қудратӣ ба қасами ҳарбӣ содиқ ва ба иҷрои вазифаи қонунии худ-ҳифзи тартиботи қонунӣ дар мамлакат машғул буданд. Онҳо ҳамчун қисми таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавқеи устувори ҳифзи манфиатҳои халқу давлат қарор доштанд.
Бо Қарори Шӯрои вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 апрели соли 1993 Раёсати қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилии кишвар созмон дода шуд. Ин айём сохтори номбурда 10 қисми ҳарбӣ ва наздики 11 ҳазор нафар ҳайати шахсӣ дошт.
Бояд гуфт, ки Қӯшунҳои дохилӣ ҷузъи таркибии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва захираи боэътимоду доимоомодаи Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ба шумор рафта, ҳайати шахсии онро ҳомиёни тартиботи ҷамъиятӣ ном мебаранд. Аз рӯзи таъсис то имрӯз афсарону сарбозони Қӯшунҳои дохилӣ ба иҷрои вазифаҳои хеш бо дарки баланди масъулиятшиносӣ муносибат намуда, барои пойдории сулҳу субот дар ҷумҳурӣ, мубориза бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша, барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми босазо гузоштаанд. Нақши Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ дар саркӯб намудани гурӯҳҳои ифротиву террористӣ дар минтақаи Рашт, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дараи Ромит ниҳоят калон аст. Набояд фаромӯш сохт, ки дар мубориза бо даставу гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷинояткор ва таъмини тинҷиву осудагӣ зиёда аз 2000 нафар кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, ки миёни онҳо афсарону сарбозони Қушӯнҳои дохилӣ низ буданд, ҷони хешро аз даст доданд, ки хотираи неки онҳо ҷовидона боқӣ мондааст.
Тавре Ҳасан Содиқзода, афсари калони шуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ иброз дошт, «Таъсиси Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ аз рукнҳои муҳими таъмини суботу оромӣ дар кишвар ба ҳисоб рафта, он собит менамояд, ки фарзандони ин сарзамини бостонӣ, барои ҳифзи обу хок, боигарӣ ва дороии Ватани худ содиқ буданд ва ҳамеша содиқ мемонанд».
Ба гуфтаи Ҳасан Содиқзода, дар сафи Қӯшунҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ як қатор ҷавонони аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта, зираку чолок ва дорои тарбияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ сарбаландона адои хизмат мекунанд, ки бо неруи худ дар таҳкими сулҳу оромии кишварамон ҳиссаи муносиби хешро мегузоранд.
«Қӯшунҳои дохилӣ дар самти тарбияи ҳарбию ватандӯстии ҷавонон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоянд. Имрӯз, ки ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қарор дорад, ғояи ватандӯстӣ муҳимтарин фишанги ҳаракатдиҳандаи пешрафт ба ҳисоб меравад. Дар ин самт, бо ибтикори кормандони шуъба оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии Раёсати Қӯшунҳои дохилӣ бо ҳамдастии Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилӣ корҳои зиёди тарбиявӣ-ватандӯстӣ ва чорабиниҳои маърифатӣ доир менамоянд. Мақсад аз онҳо- дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва муҳофизи Ватан тарбия намудани сарбозон мебошад»,-афзуд ӯ дар идома.
Қӯшунҳои дохилӣ такягоҳ, муҳофиз ва ҳамқадаму ҳамсоли истиқлолияти кишварамон ба ҳисоб рафта, дар тӯли фаъолияти худ ҳайати шахсии он аз мактаби шуҷоату мардонагӣ, ҳаёт ва обутоби зиндагӣ бо сарбаландӣ гузаштаанд.

Шаҳлои САДРИДДИН

Апрель 10, 2017 17:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид