25 апрел- Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа: дар Тоҷикистон ин беморӣ пурра аз байн бурда шудааст

Апрель 25, 2017 11:50

ДУШАНБЕ, 25.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 10 сол аст, ки дар тамоми ҷаҳон 25 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа таҷлил карда мешавад. Ин сана дар 60-умин ҷаласаи Ассамблеяи байналмилалии Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ қабул гардида, ба андешидани тадбирҳои самарабахш ҷиҳати пурзӯр намудани мубориза бар зидди бемории вараҷа бахшида шудааст.
Тавре Шоҳзода Иброн, табиби Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии мубориза бар зидди бемориҳои тропикӣ» ба мухбири АМИТ «Ховар» иброз дошт, ҳамасола таҷлили Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди бемории вараҷа бо номгузориҳои гуногун таҷлил карда мешавад. Имсол ин рӯз бо унвони «Бемории вараҷаро тамоман аз байн мебарем!» гузаронида мешавад.
Инчунин Ш. Иброн зикр намуд, ки бемории вараҷа яке аз мушкилоти ҳалталаб барои соҳаи тандурустии бисёре аз кишварҳо ба шумор рафта, ҳамасола дар ҷаҳон зиёда аз 400 ҳазор нафар аз ин беморӣ мефавтанд. Беш аз 90 фоизи ҳодисаҳои бемории вараҷа ба давлатҳои Африқо рост омада, аз ин беморӣ сокинони кишварҳои Осиё, Амрикои Лотинӣ, Шарқи Наздик ва ҳатто Аврупо низ сироят меёбанд.
Бино ба иттилои мусоҳиб, дар Тоҷикистон вараҷа ҳамчун бемории оммавӣ дар солҳои 60-уми асри гузашта пурра аз байн бурда шуда буд. Танҳо манбаъҳои алоҳидаи он дар ҷануби кишвар, асосан дар ноҳияҳои сарҳадӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон боқӣ монда буданду халос. Дар аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар натиҷаи муҳоҷирати иҷборӣ ва бозгашти гурезагон ба маҳалҳои зисти муқимии худ, вараҷа боз аз сари нав аз худ дарак дод.
МалярияБо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи глобалии мубориза бо бемориҳои ВНМО, сил ва вараҷа, инчунин як қатор ташкилотҳои сармоягузор мубориза бар зидди бемории вараҷа дар ҷумҳурӣ дар марҳилаи нестшавӣ қарор гирифта, солҳои охир дар паҳншавии ин беморӣ тағйироти назаррас ба мушоҳида мерасад. Шиддати интиқоли ин беморӣ кам гардида, шумораи беморон аз 29 ҳазору 794 ҳодиса, ки дар соли 1997 ба қайд гирифта шуда буд, то ба 1 ҳодисаи сироят дар соли 2016 омада расид.
«Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ як ҳодисаи сирояти вараҷаи тропикӣ ба қайд гирифта шуд: сироятёбии бемор дар Давлати Габони Африқо сурат гирифта, зуҳури он дар Тоҷикистон ба амал омадааст. Бемор сари вақт дарёфт гардида, ба табобати пурра фаро гирифта шуд», — зикр намуд ҳамсуҳбат.
Ба гуфти Ш.Иброн, «новобаста аз комёбиҳои бадастомада, хатари бозгашти бемории вараҷа ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ба ноҳияҳои наздисарҳадӣ бо Афғонистон вуҷуд дорад. Ҳатто чанд ҳодисаи интиқолӣ аз Афғонистон ё дигар кишварҳои нисбат ба ин беморӣ эндемикӣ (Покистон, Ҳиндустон, Африқо ва ғ.) метавонанд ба фаъолшавии манбаъҳои вараҷа дар Тоҷикистон оварда расонанд».
Дар робита ба ин масъала дар ҷумҳурӣ «Нақшаи миллии стратегӣ оид ба элиминатсияи бемории вараҷа дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017» ба тасвиб расидааст, ки дар доираи амалишавии он тадбирҳо ҷиҳати аз байн бурдани ҳодисаҳои маҳаллии бемории вараҷа вусъат бахшида мешаванд.

Ибодат ДАВЛАТОВА

Апрель 25, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд