«Акси садои булбул» дар ноҳияи Ёвон танин андохт

Апрель 11, 2017 17:56

ЁВОН, 11.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар кохи фарҳанги ноҳияи Ёвон бахшида ба 68-солагии ҳунарманди зиндаёд, Ҳофизи халқии Тоҷикистон Тағоймурод Хушвахтов ва арҷгузорӣ ба ҳунари нотакрори ӯ  маҳфили «Акси садои булбул» баргузор шуд. Дар он ҳунармандон, ёру дӯстон ва мухлисони шодравон аз гӯшаю канори ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Дар ин бора аз шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи ноҳияи Ёвон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд.

Дар маҳфил зикр гардид, ки Тағоймурод Хушвахтов ҳамагӣ 53 сол умр дида, дар айни камолоти эҷодӣ ин ҷаҳонро падруд гуфт, вале дар як муддати кӯтоҳ тавонист бо сурудҳои ҷовидонаи худ дили  ҳазорон мухлисони  савту наворо тасхир кунад. Имрӯз номи некаш дар лавҳи хотири ошиқони созу наво сабт гардидааст.

Дар маҳфили фарҳангӣ анҷому ашёи шахсӣ, асбобҳои мусиқии  Тағоймурод Хушвахтов ва китобу мақолаҳое, ки  доир ба ҳаёт ва фаъолияти ӯ таълиф шудаанд, ба намоиш гузошта шуданд.

Дар маҳфил аз ҷониби пайравони  мактаби эҷодии ӯ 15 суруди ҳофиз сароида шуданд.

 

 

Апрель 11, 2017 17:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд