Ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Австрия

Апрель 4, 2017 17:12

ДУШАНБЕ, 04.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратӣ ва соҳибкорони Тоҷикистону Австрия дар Душанбе барои тавсеаи ҳамкории иқтисодии ду кишвар ва ҷалби сармоягузорони Австрия дар татбиқи лоиҳаҳои гуногуни бахши иқтисодиёти Тоҷикистон нақши муассир ҳоҳад гузошт,- гуфт имрӯз зимни ифтитоҳи ҳамоиши соҳибкорони Тоҷикистону Австрия Файзиддин Қаҳҳорзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф зикр кард, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши тиҷоратию иқтисодӣ тақвияти ҳамкории мутақобилан судманди иқтисодӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя ва дарёфти шарикони рушд, инчунин баррасии роҳҳои афзалиятноки тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистон бо ин кишвари аврупоист.
Файзиддин Қаҳҳорзода доир ба шароит ва имкониятҳои фазои сармоягузорӣ дар Тоҷикистон ибрози назар намуда, таъкид кард, ки дар Тоҷикистон барои рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ имкониятҳои мусоид фавроҳам оварда шудаанд.
Дар ҳамоиш ҳамзамон Михаэл Ангрера, директори минтақавии Палатаи Федералии иқтисодии Австрия оид ба кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир ба робитаҳои иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Австрия сухан карда, афзуд, ки соҳибкорони Австрия омодаанд дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги Тоҷикистон, хусусан дар бахши гидроэнергетика, саноат, технология, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, нақлиёт ва сайёҳӣ саҳми муносиб гузоранд.
Дар ҳамоиш имкониятҳои иқтисодию сармоягузории Тоҷикистон ва Австрия тавассути сабти видеоӣ муаррифӣ гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳайати соҳибкорони Австрия аз 3 то 5 апрел дар Тоҷикистон қарор доранд. Дар ин муддат бо роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон мулоқот намуда, масоили марбут ба тавсеаи равобити иқтисодию тиҷоратиро баррасӣ намуда, бо фазо ва низоми сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос мегарданд. Ҳайати соҳибкорони Австрия, ки ҳудуди 30 нафаранд, ҳамзамон аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе боздид менамоянд.
Баргузории ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Австрия дар Душанбе дар ҳолест, ки 25 марти соли 2017 аз барқарории муносибатҳои дипломтаии Тоҷикистон бо Австрия 25 сол сипарӣ гардид.
Тибқи омори расмӣ, ҳаҷми гардиши мол миёни ду давлат дар 9 моҳи соли 2016 1855,6 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод, ки он ба воридот мансуб аст. Пояи шартномавӣ-ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Австрияро беш аз 10 созишномаи байниҳукуматӣ ва байниидоравӣ ба танзим медарорад.

Апрель 4, 2017 17:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид