Ашӯрбой Солеҳзода: «Тоҷикистон сиёсати хоси давлатии ҷавононро босамар амалӣ менамояд»

Апрель 14, 2017 15:59

ДУШАНБЕ, 14.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкории онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша тадбирҳои судманд андешида мешаванд. Бо ин мақсад имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Соли ҷавонон Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» баргузор гардид, ки дар он ҳудуди 400 нафар соҳибкорони ҷавон иштирок намуданд.
Тавре мухбири АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, Форум бо сухани ифтитоҳии Ашурбой Солеҳзода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ оғоз гардида, пас аз он Файзиддин Қаҳҳорзода, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хонум Кристин Лаабс, ҳамраиси Шӯрои ҳамоҳангсозии шарикони рушд, Роҳбари Бонки рушди Олмон оид ба саҳми ҷавонон дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карданд.
«Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол сиёсати хоси давлатии ҷавононро босамар амалӣ менамояд, ки ҳадафи он ташаккули низоми мукаммали омода намудани ҷавонони ватандӯсту ватанпарвар, дорои донишҳои муосир, содиқу вафодор, зираку ҳушёр, арҷгузоранда ба арзишҳои миллӣ ва дорои фикрронии инноватсионӣ ба ҳисоб меравад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаккули заминаи меъёриву ҳуқуқии ин низом, ки бо қабули санадҳо ва амалигардонии барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти дастгирии ҷавонон сурат мегирад, инчунин барои фароҳам овардани инфрасохтори зарурии дастгирии ҷавонон бо роҳи ташкили институтҳои дахлдори давлатӣ ва ғайридавлатӣ пайваста талош меварзад»,- иброз дошт Ашӯрбой Солеҳзода.
Дар доираи Форум намоиши инноватсионии дастовардҳои соҳибкорони ҷавон ва ҷавонони фаъол баргузор гардид, ки меҳмонон ва иштирокдорон аз он боздид ба амал оварданд.
Дар фарҷоми Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон-муҳаррики рушди соҳибкории инноватсионӣ» лоиҳаҳои беҳтарини тиҷоратӣ аз ҷониби ғолибони озмун муаррифӣ карда шуда, ғолибон бо ифтихорномаю ҷоизаҳо сафароз гардонида шуданд.

Ашӯрбой Солеҳзода «Тоҷикистон сиёсати хоси давлатии ҷавононро босамар амалӣ намуда истодааст» (1) Ашӯрбой Солеҳзода «Тоҷикистон сиёсати хоси давлатии ҷавононро босамар амалӣ намуда истодааст» (2)

Апрель 14, 2017 15:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд