Ҷавонон қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд

Апрель 21, 2017 15:56

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИ «Ховар»/. Имрӯз бо ташаббуси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Оид ба мақоми ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ вобаста ба Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017» конфронс доир гардид.
Тавре ки хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, Муҳаммадшариф Бобошоҳзода баён намуд, ки нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ басо муҳим буда, он аҳамияти бештареро касб кардааст. «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусу пешниҳоди созандаи ҷавононро дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо имконият фароҳам меоварад. Зеро дар шароити кунунӣ донишу малакаи ҷавонон метавонад дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа нақши муҳим дошта бошад»,-илова намуд М. Бобошоҳзода.
Ба иттилои номбурда, имрӯз теъдоди ҷавонони аз 14 то 30-сола зиёда аз 3 миллион нафар буда, 35 фоизи аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Дар умум 70 фоизи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон ҷавонон мебошанд, ки ин хеле қувваи бузург ба ҳисоб меравад.
«50 фоизи хизматчиёни давлатиро ҷавонони то 30-сола ташкил намуда, дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз 1000 нафар ҷавонон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардидаанд. Бо ташаббусу пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ин аз ғамхории бевоситаи Пешвои миллат нисбат ба ҷавонон дарак медиҳад. Ҷавононро мебояд дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдкорона ширкат варзанд, шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, парчамбардори сарзамин ва марзу буми аҷдодӣ гарданд»,- гуфт Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа.
Аҳтам Абдуллозода, Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки ҳоло дар кишвар зиёда аз 146 ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон фаъолият менамоянд, ки яке аз онҳо ташкилоти ҷамъиятии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон мебошад ва беш аз 50 ҳазор нафар ҷавонон аъзои ин иттифоқ мебошанд.
«Фаъолияти Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон аз даврони соҳибистиқлолӣ оғоз шуда, он ҷонибдори рушду пешрафт ва инкишофу дигаргунсозиҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва илмиву фарҳангии ҷомеаи Тоҷикистон мебошад ва фаъолияти худро барои созандагиву бунёдкорӣ равона намудааст»,- баён дошт Аҳтам Абдуллозода.
Тибқи иттилои А. Абдуллозода, ҳадафи асосии Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон пуштибонӣ ва ҳимояи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳёи арзишҳои суннатии миллӣ ва бедор намудани ҳисси баланди худшиносии миллӣ маҳсуб ёфта, он барои иштироки фаъолонаи ҷавонон дар идоракунии давлат ва ҷомеа мусоидат мекунад.
Ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд. Мақому манзалати онҳо дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ низ назаррас аст. Ба андешаи коршиносон, таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки бо дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва инкишофи устувори ҷомеа танҳо ҳамон кишварҳое муваффақ гардидаанд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд ва аз имкониятҳои ақлониву ҷисмонии онҳо самаранок истифода мебаранд.

Апрель 21, 2017 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

12 снаряд ба абрҳои жолазои манотиқи гуногуни Тоҷикистон партоб шуд
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд
Бар асари боронҳои шадид дар Покистон 30 нафар ба ҳалокат расид
Бар асари бориши шадид дар Танзания беш аз 50 нафар ҳалок шуд
15 АПРЕЛ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ДОНИШҲОИ ЭКОЛОГӢ. Ҳадафи он ташаккул додани маърифати экологии аҳолии сайёра аст
«Интернет барои хона»: боз ҳашт маҳаллаи дигар
Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик дар Институти астрофизика конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ. Зимни гузаронидани ҳашари «Тозагии ҳаво» зиёда аз 1900 нақлиёти ифлос сабт шуд