Аёдати таълимгирандагони бахши Иттифоқи миллии нобиноён дар шаҳри Душанбе

Апрель 20, 2017 11:50

ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрели соли равон намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба аёдати таълимгирандагони бахши Иттифоқи миллии нобиноён дар шаҳри Душанбе рафтанд. Дар ин бора аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Зимни аёдат масъулини Кумитаи ҷавонон зикр намуданд, ки ҷавонони тамоми табақаҳои ҷомеа ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд ва барои беҳтар гардидани вазъи зиндагии онҳо тамоми тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.
Зимни аёдат масъулини Кумита аз шароити зиндагии ҷавонони ниёзманд дидан намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Ин иқдом барои дастгирӣ намудани ҷавонони эҳтиёҷманд ва ба зиндагӣ дилгарм намудани онҳо роҳандозӣ гардид.

Апрель 20, 2017 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд