Аз оғози муносиботи дипломатии Тоҷикистону Россия 25 сол сипарӣ гардид

Апрель 8, 2017 12:58

ДУШАНБЕ, 08.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 8 апрел аз барқарории муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия 25 сол сипарӣ гардид. Россия яке аз аввалин давлатҳоест, ки истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба расмият шинохт ва дар ин росто 8 апрели соли 1992 дар шаҳри Душанбе Протокол дар бораи муқаррар намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба имзо расид. Ин санад заминаи шакли нави ҳамкориро дар шароити рушди мустақилона асос гузошт.
Ҳамзамон 4 майи соли 1992 дар шаҳри Душанбе Сафорати Федератсияи Россия ифтитоҳ гардид, 8 июни соли 1993 Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Москва ба Намояндагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Россия табдил дода, 18 декабри ҳамон сол дар заминаи он Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Москва таъсис дода шуд.
Алҳол дар шаҳрҳои бузурги Россия консулгариҳои генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ки ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон дар минтақаҳои Россия ва густариши ҳамкорӣ нақши муҳим доранд.
«Тоҷикистон ва Россияро таърихан муносиботи чандинасраи дӯстона ба ҳам мепайванданд»,-гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Азизҷон Раҳмонов, дотсенти кафедраи муносибатҳои байналмилалии Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон. Мавсуф афзуд, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон Россия миёни ҳамёрони асосии кишвар дар миқёси Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеи хос дорад ва шарики асосии стратегӣ эътироф гардидааст. Байни ду кишвар беш аз 230 созишномаи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии танзимкунандаи муносибатҳо дар соҳаҳои гуногун ба имзо расидаанд. Санади муҳимтарини байнидавлатӣ- Аҳднома дар бораи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ёрии тарафайн 25 майи соли 1993 ба имзо расидааст.
Байни Тоҷикистону Россия робитаҳои фаъоли сиёсӣ ва алоқаҳои бевосита дар сатҳи олӣ ба роҳ монда шудаанд. Роҳбарони ҳарду давлат мунтазам дар доираи сафарҳои расмӣ ва корӣ, инчунин зимни ҳамоишҳои гуногуни байналмилалӣ вохӯриҳо анҷом медиҳанд, ки дар ҷараёни онҳо муҳимтарин масоили ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Россия баррасӣ мегарданд.
Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ва Россия оид ба аксарияти масъалаҳои консептуалии сиёсати байналмилалию минтақавӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ мавқеи ба ҳам наздик доранд. Аз ҷумла, ҷиҳати ҳамкории босамар дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири СММ, САҲА, ИДМ, СҲШ, ИИАО, СААД аҳамияти муҳим дода мешавад. Боздиди расмии Сарони ду давлат, ки моҳи апрели соли 1999 дар рафти сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Россия ба вуқӯъ пайваст, далели рушди собитқадамона ва таҳкимбахши муносиботи шарикии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия гардид, ки зимни он «Аҳднома дар бораи ҳамкории иттифоқии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия ба асри XXI нигаронидашуда», «Созишнома дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи ҳарбии Россия дар ҳудуди Тоҷикистон» ба имзо расиданд.
Қарордодҳои зимни мулоқоти баъдина бадастомада низ барои кишвар аҳамияти хосаи стратегӣ доранд. Натиҷагирии ин вохӯриҳо ҷиҳати рушди ҳамкории шарикӣ такони тоза бахшида, дар рафти онҳо механизмҳои суръатбахшии раванди иҷрои қарордодҳои басташуда муайян гардиданд. Ҷонибҳо ҷиҳати тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, афзун додани гардиши мутақобилаи савдо, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок, густариши ҳамкории ҳарбию техникӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи махсус медиҳанд. Дар вохӯриҳо масъалаҳои калидии ҳамкории Тоҷикистону Россия дар соҳаҳои ҳарбию техникӣ ва сарҳадӣ, таъмини амнияту бехатарӣ дар минтақа вобаста ба таҳдидҳои замони муосир, тавсеаи робитаи тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамоҳангсозии муҳоҷирати меҳнатӣ мавриди муҳокима қарор ёфта, теъдоди созишнома ва қарордодҳо вобаста ба амалисозии лоиҳаҳои иқтисодии соҳаи гидроэнергетика ва металлургияи ранга, истихроҷи нафту газ ва канданиҳои фоиданок ба имзо расонида шуданд.
Россия дар роҳандозии лоиҳаи «CASA-1000», инчунин оид ба иқдомоти Тоҷикистон дар истифодаи имконоти гидроэнергетикӣ дастгирии худро изҳор намуд.Ҷанбаъҳои ҳамкории иқтисодии байни Тоҷикистону Россия дар доираи фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Россия оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ муайян мегарданд. Россия шарики асосии тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон буда, ҳиссаи он дар тавозуни савдои Тоҷикистон 20 фоизро ташкил медиҳад. Яке аз самтҳои муҳими ҳамкории иқтисодии ду ҷониб, ки ба иқтисодиёти ҳарду кишвар таъсиргузор аст, сармоягузории Россия ба соҳаҳои иқтисодии кишвар, хусусан бахши энергетика, саноат, соҳаҳои кӯҳию металлургӣ ва сохтмон, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан, технология ва кишоварзӣ мебошад. Бояд қайд кард, ки танҳо соли 2015 ҳаҷми гардиши савдо байни ду кишвар марзи 1,1 миллиард долларро убур кард. Дар ин росто ширкати «Газпромнефт» ба Тоҷикистон зиёда аз 40 миллион долар маблағгузорӣ намуда, имрӯз тақрибан 60 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти нафтиро таҳвил медиҳад. Лоиҳаи бузургтарин, ки Россия дар Тоҷикистон амалӣ намуд, ин бунёди неругоҳи барқии обии «Сангтӯда-1» дар ҷануби Тоҷикистон аст, ки соли 2008 пурра ба истифода дода шуд. Алҳол дар Тоҷикистон ҳудуди 100 ширкату корхонаи муштараки Тоҷикистону Россия фаъолияти густурда доранд, ки нақши онҳо дар рушди иқтисодиёти миллии Тоҷикистон муассир аст.
Ҳамзамон ҳамкории ду кишвар дар бахши илм, маориф, фарҳанг ва технологияҳои инноватсионӣ низ босамар тавсеа меёбанд. Ин раванд бо таъсиси намояндагии «Россотрудничество», Маркази иттилоотию фарҳангии Бунёди «Русский мир» дар Тоҷикистон боз ҳам тақвият ёфт. Алҳол дар Тоҷикистон дар радифи Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистон, инчунин филиали Донишгоҳи пуриқтидори Москва- Донишгоҳи давлатии Россия ба номи М.Ломоносов ва Донишкадаи хӯла ва пӯлоди Москва фаъолият доранд. Дар муассисаҳои олии Россия қариб 20 ҳазор шаҳрвандони кишвари мо тибқи бурсияҳое, ки ҳамасола аз ҷониби Россия ҷудо карда мешаванд, таҳсил менамоянд. Инчунин баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистону Россия дар кишварҳои ҳамдигар, ки дар тарғиби фарҳанг, забон ва дигар арзишҳои маънавии халқҳои Тоҷикистон ва Россия дар муносибатҳои дуҷониба аз ҷойгоҳи хоса бархӯрдоранд, нақши муҳим мегузоранд.
Бояд тазаккур дод, ки таҷлили санаи таърихӣ -25 солагии барқарор намудани робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар ҳолест, ки Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин моҳи феврали соли 2017 бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф овард ва бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мулоқот намуд. Зимни ин сафар масоили марбут ба густариши ҳамкории судманд байни ду кишварро дар соҳаҳои гуногун баррасӣ ва ҳамзамон 6 санади ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Россия дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, алоқаи фелдегерии ҳарбии почта, ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи энергияи атомии сулҳҷӯёна, меҳнат ва шуғли аҳолӣ ва тарбияи ҷисмонӣ, инчунин «Барномаи ҳамкорӣ миёни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Россия барои соли 2017» ба имзо расонида шуданд.
Имзои ин санадҳои нави ҳамкорӣ ба таҳкими ҳамшарикии стратегии Тоҷикистону Россия муосидат менамоянд.

Апрель 8, 2017 12:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ оид ба нақлиёти устувор иштирок намуд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон бо Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо рақамикунонии соҳаҳои иқтисодӣ ва инноватсияро баррасӣ намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳаштуми вазирони маорифи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Президенти Тоҷикистон: «Аҳднома оид ба ҳампаймонӣ муносибатҳои Тоҷикистону Узбекистонро ба сатҳи сифатан нав мебарорад»
Донишҷӯёни тоҷике, ки дар Русия таҳсил доранд, даъват шуданд, ки илм омӯзанд
Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузошт
Намояндаи Тоҷикистон дар машваратҳои ғайрирасмӣ дар сатҳи сафирон оид ба Саммити Оянда иштирок намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода дар ҳамоиш бахшида ба раёсати Қазоқистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Ҷавонон дар сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ҷойгоҳи афзалиятнок доранд
Дар Ашқобод ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда баррасӣ шуд
Дар Женева тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Маркази байналмилалии савдо баррасӣ гардид