Аз садамаи Чернобил 31 сол гузашт. Иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои он дар ҳаёти ҷомеа фаъолона иштирок доранд

Апрель 26, 2017 17:40

ДУШАНБЕ, 26.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 31 сол қабл аз ин дар бахши 4-уми неругоҳи барқи атомии Чернобил таркиши мудҳиш ба амал омад, ки таъсири манфӣ ва пайомадҳои ногувори он то ҳоло боқӣ мондаанд. Барои бартарафсозии оқибатҳои ин садамаи бесобиқа аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 6 ҳазор нафар сарбозони дар эҳтиётбуда сафарбар шуда буданд. Ҳамчунин наздик ба  ҳазор нафар аскарбачагоне, ки дар сафи қувваҳои мусаллаҳи артиши собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хизмати ҳарбии дусоларо иҷро мекарданд, барои бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил фиристонида шуданд. Бояд гуфт, ки бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил аз рӯзи сар задани он, яъне аз 26 апрели соли 1986 то моҳи декабри соли 1990 идома ёфта, дар баробари 7 ҳазор сокинони Тоҷикистон ҳамчунин аз тамоми ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар маҷмӯъ зиёда аз 1 миллион нафар дар минтақаи барои саломатӣ хатарноку маргбори Чернобил сафарбар шуда буданд.

Дар арафаи солгарди садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил хабарнигори АМИТ «Ховар» бо раиси ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявии «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Фариддун Ҳакимов суҳбат  намуд.

АМИТ «Ховар»: Имрӯз дар ҳудуди ҷумҳурӣ чанд нафар  иштирокдорони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил ба қайд гирифта шудаанд?  

Фариддун Ҳакимов: Дар ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ 1 ҳазору 846 нафар иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Неругоҳи барқи атомии Чернобил ба қайд гирифта шудаанд, ки 1 ҳазору 480 нафари онҳо маъюбони гурӯҳҳои гуногун мебошанд. Бо гузашти 31 сол аз садамаи Чернобил 586 нафар иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои садамаи мазкур бо сабаби таъсири шуъои радиатсионӣ аз олам чашм пӯшидаанд, ки синни онҳо аз 22 то 60-сола буда, қариб ҳамаи онҳо бо ташхиси бемории саратон фавтидаанд. Дар баробари гирифтор шудан ба бемории саратон иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил ба бемориҳои сил ва қалб низ гирифтор шудаанд.

Соли 1991 барои муттаҳид намудани иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил бо ташаббус ва дастгирии Иттифоқи байналмилалии иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил (Федератсияи Россия) дар мамлакати мо низ ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ созмон дода шуд. Анҷумани нахустини тадорукӣ 26 сентябри соли 1991 баргузор гардид. Баъдан бахшҳои ташкилоти ҷамъиятӣ дар дигар шаҳру ноҳияҳои мамлакат созмон дода шуданд ва ҳоло 3 ташкилоти вилоятӣ, як ташкилоти минтақавӣ, 14 ташкилоти шаҳрӣ ва 41 ташкилоти ноҳиявӣ фаъолият мекунанд. Ташкилотҳои мазкур дар Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон номнавис шудаанд ва тибқи оиннома фаъолият карда, ба иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил кумакҳои моддӣ-маънавӣ мерасонанд, ҳуқуқҳои онҳоро пуштибонӣ намуда, аз ҳолу аҳволашон мунтазам хабардор мешаванд.

АМИТ «Ховар»: Ҳоло иштироккунандагони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил чӣ гуна дастгирӣ меёбанд?

Фариддун Ҳакимов: Баъди он ки бо талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳи комил барқарор ва  суботу осоиштагии ҷомеа пурра таъмин гардид, шароити мусоид барои ҳифзи иҷтимоии иштирокдорони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил фароҳам оварда шуд. Бо назардошти ҳамин ҳолат ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил» барои таҳияи лоиҳаи қонун дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил иштирок намуданд, ташаббус нишон дод. Лоиҳаи таҳияшуда бо ҳидоят ва дастгирии роҳбарияти олии мамлакат барои омӯзишу баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ фиристонида шуд. 5 марти соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки дар фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил зарар диданд» қабул гардид.

АМИТ «Ховар»: Тавре ки медонем, ҳар сол «Иттифоқи маъюбони Чернобил»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор мекунад. Дар ҷамъомадҳо кадом масъалаҳо баррасӣ мешаванд?  

Фариддун Ҳакимов: Бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи байналмилалии чернобилчиён» (Федератсияи Россия) ва дастгирии роҳбарони давлатҳои ИДМ ба Созмони Милали Муттаҳид пешниҳод шуда буд, ки ҳар сол 26 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди қурбониёни садамаҳои радиатсионӣ эълон карда шавад. Пешниҳоди мазкур аз тарафи СММ қабул гардид ва аз соли 2001 инҷониб дар ҳамаи кишварҳои ҷаҳон 26 апрел ҳамчун Рӯзи ёдбуди қурбониёни садамаҳои радиатсионӣ қайд карда мешавад. Дар асоси ҳамин қарори СММ ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи ташкилоти ҷамъиятии ҷумҳуриявӣ «Иттифоқи маъюбони Чернобил» ва дастгирии Ҳукумати мамлакат конфронси ҷумҳуриявӣ гузаронида мешавад. Чунин конфронсҳо дар вилоятҳои Суғду Хатлон, ВМКБ ва  шаҳри Душанбе гузаронида шуданд ва имрӯз конфронси навбатии солона дар ноҳияи Файзобод баргузор гардид. Қабл аз ин дар ҳамаи ташкилотҳои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, минтақавӣ ва вилоятӣ конфронсҳо гузаронида мешаванд. Дар конфронси ҷумҳуриявӣ иштирокдорони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил бо ҳам омада, дар бораи  муваффақиятҳои худ суҳбат ва роҳҳои беҳтару бештар самаранок намудани фаъолияти ташкилотро муҳокима мекунанд.

Бояд зикр кард, ки дар баробари доштани ҳуқуқу имтиёзҳо дар оинномаи ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил» омадааст, ки аъзои ташкилот дар тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷасорату бебокӣ ва содиқ будан дар ҳифзи манфиатҳои давлату миллат вазифадор мебошад. Бинобар ҳамин мо ҳеҷ вақт худро аз ҷомеа берун эҳсос намекунем ва омода ҳастем, ки дар рафъи камбудиҳои ҷомеа саҳмгузор бошем. Яке аз мавзӯъҳое, ки дар конфронсҳои солонаи ҷумҳуриявӣ баррасӣ мешаванд, масъалаи таълиму тарбияи насли наврас мебошад, ки мо, аъзои ташкилот нисбат ба ин масъала бетраф буда наметавонем.

АМИТ «Ховар»: Бубахшед, чанд сухан оид ба таъсири радиатсия мегуфтед…  

Фариддун Ҳакимов: Мувофиқи таҳқиқоти анҷомдодаи мутахассисон осор ва таъсири радиатсия муддати садсолаҳо дар бадани инсон боқӣ мемонанд. Дар кишвари Япония аллакай насли сеюми зарардидагони фоҷеаи Хиросима ва Нагасаки бо доштани радиатсия дар бадан зиндагӣ мекунанд. Иштирокдорони бартарафсозии оқибатҳои садамаи Чернобил акнун ба насли дуюм расидаанд. Тавре ки медонем, илм сол ба сол, ҳатто моҳ ба моҳ пеш рафта истодааст, аз ҷумла илми тиб низ ба дастовардҳои нодир ноил гардидааст. Умед дорем, ки дар натиҷаи ин пешравиҳо осору таъсири радиатсия дар бадани инсонҳо камтару камзарартар мешавад.

Хуб мешуд, ки дар муассисаҳои тиббии мамлакат радиологҳо низ пайдо мешуданд ва барои кам кардани таъсири манфии шахсони ба радиатсия дучоршуда мусоидат менамуданд.

 

  Акрам САНГЗОДА

Апрель 26, 2017 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатънома оид ба «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо»-ро метавон рӯйдоди таърихӣ номид»
МО БО ШУМОЕМ, ДАСТАИ МУНТАХАБИ ТОҶИКИСТОН! Мулоҳизаҳои Ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ оид ба тамошои якҷояи бозии имрўзаи футболбозони тоҷик
Пирумшо Вализода: «Дар Конфронси сеюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал иштироки беш аз 1500 нафар дар назар аст»
СОР-28 бори дигар пешоҳанг будани Тоҷикистонро дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим собит намуд
Сафири Беларус дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» дар бораи дурнамои ҳамкории ду давлат дар соли оянда изҳори назар намуд
Зулфия Бурҳон: «Тоҷикистон мамлакати пешсаф дар соҳаи ҳифзи ёдгориҳои умумибашарӣ дар чаҳорчӯбаи ЮНЕСКО аст»
ИМЕЙ (IMEI)-И «САФЕД». Тамоми дастгоҳҳои сайёр, ки дорои модули SIM мебошанд, бояд ба Системаи давлатӣ ворид шаванд
Довталаби 83-солаи озмуни ««Тоҷикон»-оинаи таърихи миллат» Маъқула Ҳакимова: «Мо, калонсолон бояд дар хондану дўст доштани китоб барои насли ояндасоз намуна бошем»
НАХУСТИН ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН. Бо дастури Пешвои миллат соли 2007 ба Осорхонаи миллӣ эҳдо гардид
ТОҶИКИСТОНРО БО ШАБОҲАТИ ЗИЁДЕ ЧУН ЭРОН ДАРЁФТАМ. Хабарнигори АМИТ «Ховар» бо ҳамсари Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон хонум Ҷамила Аламулҳудо суҳбат анҷом дод
7 НОЯБР-РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Имсол театрҳои касбии Тоҷикистон 30 асари нав ба саҳна гузоштанд
Гӯсфанди зоти ҳисорӣ навъи тоҷикии асл буда, калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон ба шумор меравад