Қазоқистон ба алифбои лотинӣ мегузарад

Апрел 12, 2017 17:00

Хабарҳои мавзӯъ

Назарбаев

ДУШАНБЕ, 12.04.2017./ АМИТ «Ховар»/. Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев дастур дод, ки меъёри ягонаи алифбои қазоқиро бо лотинӣ то охири соли равон қабул кунанд. Дар ин бора дар мақолаи Назарбоев, ки онро  12 апрел нашрияи расмии “Егемен Қазоқистон”  («Қазоқистони мустақил») чоп кард, гуфта шудааст, хабар медиҳад рӯзномаи «Взгляд».

Ба қавли Назарбоев, ин алифборо донишмандони Қазоқистон бояд бо назардошти хоҳиши сокинони кишвараш тартиб диҳанд.

Президенти Қазоқистон дар мақолаи худ зикр намудааст, ки аз соли 2018 бояд омода кардани мутахассисон барои омӯзиши алифбои нав оғоз ёбад ва нашри китобҳои дарсӣ низ бо ҳарфҳои лотинӣ барои мактабҳои қазоқӣ ба роҳ монда шавад.

Дар мақола омадааст, ки Назарбоев зарурати гузариш ба алифбои лотиниро ҳанӯз соли 2012, дар паёми “Стратегияи рушди Қазоқистон то соли 2015” зикр карда буд. “Ин маънои онро дорад, ки мо гузариш ба ҳарфи лотиниро дар тамоми бахшҳо бояд аз ҳоло оғоз кунем. Яъне, то соли 2025 бояд тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, муҳр ва нашрияҳои давриву китобҳои дарсӣ ба лотинӣ баргардонда шаванд. Муҳлат наздик омадааст ва мо набояд вақтро аз даст диҳем. Корро бояд шуруъ кард”, — омадааст дар мақолаи Назарбоев.

Нурсултон Назарбоев, инчунин, қайд кардааст, ки ҳукумати Қазоқистон ба хотири иҷрои ин ҳадафҳо бояд ҷадвали корҳои омодагиро барои гузариш ба алифбои лотинӣ тартиб диҳад.

Хотиррасон менамоем, ки дар Қазоқистон тайи 11 сол, аз соли 1929 то соли 1940 алифбои лотинии забони қазоқӣ истифода мешуд. Баъдан он ба кириллӣ иваз карда шуд.

 

Апрел 12, 2017 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист
siriya-detyДар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд
IranШумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид