Барқияи табрикии Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Апрель 7, 2017 17:41

ДУШАНБЕ, 07.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Табрикоти самимии маро ба муносибати ҷашни муҳим-25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатӣ миёни давлатҳоямон қабул фармоед.

Дар давоми солҳои гузашта робитаҳои Россияву Тоҷикистон дар асоси анъанаҳои неки дӯстӣ, ки мардумони моро ба ҳам меоранд, босамар рушд карданд. Беш аз 150 созишномаҳои дуҷониба ба имзо расиданд, ки ҳамкориро дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, низомӣ, илмию техникӣ ва дигар соҳаҳо танзим мекунанд. Ҳамгироии самаранок дар доираи ИДМ, СААД, СҲШ, СММ, САҲА ва дигар сохторҳои бисёрҷониба ба роҳ монда шудааст.

Мутмаинам, ки мо минбаъд низ муносиботи шарикии стратегии миёни Россия ва Тоҷикистонро ҳамаҷониба таҳким бахшида, кӯшишҳоро баҳри мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти минтақа ҳамоҳанг месозем, ки ин, бешубҳа, ба манфиатҳои умумии мо ҷавобгӯ буда, ба самти таъмини сулҳу субот дар Осиёи Марказӣ равона мегардад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович аз самими қалб тансиҳатию муваффақият ва ба тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон бурдбориву шукуфоӣ таманно дорам».

Апрель 7, 2017 17:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи бофандагии Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пиллаи тоҷик»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе Меҳмонхонаи «Кангурт Гранд Ҳотел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе бинои бисёрфунксионалӣ бо ҷойгиршавии Меҳмонхонаи чорситорадори «Фирдавсӣ»-ро ифтитоҳ намуданд
Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом ёфт
Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев бо маҳсулоти корхонаҳои саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе шинос шуданд
АМИТ «Ховар»: Намоишгоҳи маҳсулоти саноатии Ҷумҳурии Узбекистон дар Маркази ЭКСПО-и шаҳри Душанбе 3 рӯз идома меёбад
Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар ифтитоҳи бинои нави Сафорати Ҷумҳурии Узбекистон дар шаҳри Душанбе иштирок намуданд
Президентҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дар барномаи фарҳангии арбобони санъати ду давлат бо номи «Дӯстии ҷовидон» иштирок намуданд
Изҳороти матбуотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз натиҷаи гуфтушунидҳо бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев
Ба як гурӯҳ ҳунармандони Тоҷикистон ва Узбекистон мукофотҳои давлатӣ супорида шуданд
Санадҳои имзошуда байни Тоҷикистон ва Узбекистон табодул карда шуданд
Мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Узбекистон баргузор шуд