Баргузории даври минтақавии озмуни ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ

Апрель 21, 2017 10:28

ХУҶАНД. 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/ Дар панҷ шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд-Спитамен, Истаравшан, Конибодом, Мастчоҳ ва Хуҷанд бо ҳамдастии якҷояи Раёсати маориф ва РВКД ҶТ дар вилояти Суғд даври  минтақавии  озмуни  ҳафтуми ҷумҳуриявии «Нозирони навраси ҳаракат» дар роҳ  гузаронида шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти БДА-и вилояти Суғд ииттилоъ доданд, аз ҷумла дар ноҳияи Спитамен озмун байни дастаҳои нозирони навраси ноҳияҳои Зафаробод, Ҷаббор Расулов ва Спитамен сурат гирифта, ҷараёни он аз ҷониби аъзои ҳакамон, намояндагони масъули Шуъбаи БДА РВКД-и вилоят, раёсатҳои маориф ва тандурустӣ, Иттифоқи автомобилчиён назорат карда шуд ва тартиби баргузории ҳар як намуди озмун баҳогузорӣ гардид.

Иштирокчиён аз рӯи шартҳои ҳаракат бо қадами низомӣ, сурудхонӣ дар саф, иҷрои фармонҳо, гардиш дар ҷой ва усулҳои сафороӣ дар вақти ҳаракат, рондани дучарха аз байни монеаҳо, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба нафари ба садамаи нақлиётӣ дучоргардида ва бастани ҷои захм, иҷрои ишораҳои танзимгар ҷиҳати  ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дар ҷамъбаст дастаи «Нозирони навраси ҳаракат дар роҳ»-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишон додани маҳорат ва малакаи баланд ва бо гирифтани 75 хол сазовори ҷои аввал ва дастаҳои ноҳияи Спитамен бо 67 ва Зафаробод бо 60 хол сазовори ҷойҳои дуюм ва сеюм гардида, бо ифтихорномаи Шуъбаи БДА ва Раёсати маорифи вилоят сарфароз гардиданд.

 

 

 

Апрель 21, 2017 10:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд