Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои наздик тасдиқ гардид

Апрель 5, 2017 10:10

ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе «Барномаи рушди иҷтимоии ҷавонон барои солҳои 2017-2018» тасдиқ гардид. Дар робита ба ин 4 апрел қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба тасвиб расид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлилӣ ва иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, барномаи мазкур бо мақсади таъмини самаранокии сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид баҳри худтакмилдиҳӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсию ҳуқуқӣ, худшиносиву худогоҳии насли ҷавон, ватандӯстиву дарки масъулият, беҳдошти вазъи иқтисодиву иҷтимоӣ, таъмини хуқуқу манфиатҳо ва ташаккули тарзи ҳаёти солим қабул гардид.
Тибқи қарори мазкур Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои пойтахт вазифадор гардиданд, ки дар доираи Барномаи мазкур барномаҳои маҳаллии рушди иҷтимоии ҷавононро таҳия ва тибқи тартиби муқарраргардида маблағгузорӣ намоянд.

Апрель 5, 2017 10:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд