Баррасии алоқамандии математика бо иқтисодиёт

Апрель 1, 2017 09:28

ДУШАНБЕ, 1.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. «Нақши математика дар рушди иқтисодиёти муосир» -таҳти чунин унвон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон (ДМИТ) конференсияи илмию амалӣ доир шуд, ки дар он алоқамандии математика бо иқтисодиёт мавриди муҳокимаи васеъ қарор гирифт.

Тавре аз донишкада хабар доданд, муовини ректор оид ба илм Ғиёсиддин Ашуров аз Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос овард: «Дар мамлакат дар шароити имрӯза рушди илмҳои бунёдӣ муҳим ва афзалиятнок буда, пешбурди корҳои илмиву тадқиқотӣ вазифаи аввалиндараҷаи олимони ин соҳа маҳсуб меёбад, ки он беҳбудии ҷиддӣ мехоҳад». Мавсуф ин таъкиди Пешвои миллатро воқеӣ ва бамаврид хонд.

Ба андешаи мавсуф, яке аз масъалаҳои марказии ҷаҳонбинии илмии донишҷӯён дар ҷараёни таълим ҳамаҷониба истифода бурдани алоқамандии байни фанҳои таълимӣ маҳсуб меёбад. Ин аз як тараф, барои баланд бардоштани дараҷаи илмӣ ва донишҳои назариявии хонандагон ва донишҷӯён мусоидат намояд, аз тарафи дигар, ба рушди имкониятҳои инкишофдиҳанда ва тарбиявии низоми фанҳои таълимӣ ёрӣ мерасонад.

Ғ. Ашуров дар идома алоқамандии байни фанҳои метематикаю иқтисодиётро шарҳ дода, иброз намуд, ки математика дар роҳи ҳалли масъалаҳои марбут ба иқтисодиёти муосир саҳми калон дорад.  Методҳои математикӣ кайҳо боз дар ҳалли масъалаҳои муҳими иқтисодиёт нақши худро гузоштаанд.

 

Апрель 1, 2017 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд