Баррасии роҳҳои мубориза ва пешгирии нашъамандӣ дар Хуҷанд

Апрель 25, 2017 17:33

ДУШАНБЕ, 25.04.2017 /АМИТ «Ховар/. Кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти ҶТ дар вилояти Суғд дар якҷоягӣ бо масъулини шуъбаи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати Вазорати корҳои дохилии ҶТ дар вилояти Суғд бо устодон ва ҳунаромӯзони Литсейи касбӣ-техникии шаҳри Хуҷанд вохӯрӣ доир карда, дар ҷараёни он мавзӯъҳои вазъи умумии нашъамандӣ дар вилоят ва ҷумҳурӣ, омилҳои асосии ҷиноят содир кардани ҷавонону наврасон, хусусиятҳои вабои нашъамандӣ ва роҳҳои мубориза ва пешгирии онро баррасӣ карданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Агентӣ хабар доданд, маърӯзачиён ҳамчунин аз даҳшату хавфу хатарҳои таҳдидҳои глобалии ҷаҳони муосир, амсоли ташаккул ёфтани терроризми байналмиллаливу экстремизми динӣ ва ноандешонаву ноогоҳона фирефтаи созмону ҳаракатҳои тундгарои мазҳабӣ ва ифротӣ гаштани ҷавонону наврасон сухан гуфта, иштирокдорони вохӯриро бо фаро гирифтани касбу дониши ғании муосир ва меҳнати софдилона баҳри халқу кишвари соҳбистиқлоламон ҳидоят намуданд.

Апрель 25, 2017 17:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид
ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
Тадбирҳои пешгирӣ аз борону жола дар Тоҷикистон
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд