Бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Ашт

Апрель 21, 2017 11:22

ДУШАНБЕ, 21.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷамоатҳои  шаҳраку деҳоти ноҳияи Ашт барқароркунии оқибатҳои офати табиии рӯзҳои охир бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ашт идома дорад.

Аз ситоди ҳолатҳои фавқулодаи ноҳия хабар доданд, ки дар ҷамоати деҳоти Понғоз 350 метр, ҷамоати шаҳраки Шайдон 38 метр ва дар ҷамоати Ифтихор 700 метр селроҳаҳо безарар гардонида шуданд. Ҳамзамон дар ҷамоати Понғоз зиёда аз 1500 метр селроҳа аз қуму шағал тоза  карда шуда, 9 кӯпруки маҳаллӣ бо қувваи сокинони ҷамоат барқарор гардид. Дар ҷамоати шаҳраки Шайдон 100 метр ва дар ҷамоати деҳоти Пунук низ зиёда аз 500 метр селроҳа аз қуму шағал тоза карда шуд.

Хотиррасон менамоем, ки бар асари боришоти рӯзҳои охир сатҳи оби сойҳои ҳудуди ноҳияи Ашт баланд гардида, қисман роҳ ва кӯпрукҳои маҳаллии ҷамоати деҳоти Пунук ва Понғозро вайрон намуда буд.

Мустаҳкам намудани селроҳаҳо дар ҷамоати деҳоти Понғоз, Ашт, Пунук, Ифтихор ва Шайдон идома дорад.

Бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Ашт Бартарафкунии оқибатҳои офати табиӣ дар ноҳияи Ашт (1)

Апрель 21, 2017 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

ДАРАИ ҚАРАТОҒ. Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз ин минтақаи зебои сайёҳии Тоҷикистон манзур мегардад
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Чикагои Амрико як нафар ҳалок ва 10 нафар захмӣ шуданд
Дар Тоҷикистон бар асари боронҳои сел талафоти ҷонӣ ва харобиҳо сабт нашудаанд
ФУТБОЛ. Ғолибони бозиҳои даври дуюми Чемпионати Тоҷикистон 2024 байни дастаҳои Лигаи олӣ муайян гардиданд
12 снаряд ба абрҳои жолазои манотиқи гуногуни Тоҷикистон партоб шуд
Арбоби сиёсию давлатӣ Шукурҷон Зуҳуров дар роҳи хизмат ба Ватан ҳамеша устувор аст
ВОРИСИ АРЗАНДАИ СИНО. Табиби ҷавони тоҷик дар Амрико сазовори сертификати дараҷаи байналмилалӣ гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои боронӣ дар назар аст
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Чинро боронҳои шадид ва тӯфонҳои регӣ фаро мегиранд
Бар асари боронҳои шадид дар Покистон 30 нафар ба ҳалокат расид
Бар асари бориши шадид дар Танзания беш аз 50 нафар ҳалок шуд