Бернар Тано-Бучуе: «Мехоҳем донишҷӯёни мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба соҳаи аграрӣ ва техникӣ ҷалб карда шаванд»

Апрель 13, 2017 17:34

ДУШАНБЕ, 13.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои вобаста ба низоми маорифи кишвар, дастовардҳои соҳаи маориф ва илм дар солҳои охир ва таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар кишварҳои хориҷӣ зимни мулоқоти     Бозоралӣ Одиназода,   муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Бернар Тано-Бучуе, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар муҳокима шуданд. Дар ин бора аз Вазорати мазкур хабар доданд.

Тавре ки манбаъ хабар дод, зимни суҳбат  Бозоралӣ  Одиназода   инчунин дар бораи    бунёду навсозии муассисаҳои таълимӣ, фарогирии хонандагон ба таҳсил, таҳияи стандарту барномаҳои нави таълимӣ, таҳсили донишҷӯёни кишварҳои хориҷӣ дар мактабҳои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди маблағгузории соҳа   иттилоъ дод.

Бернар Тано-Бучуе, Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар изҳор дошт,   ки тафовути низоми таҳсилот дар Ҷумҳурии Кот д’ Ивуар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки хонандагон ду сол дар зинаи таҳсилоти томактабӣ, шаш сол дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва ҳафт сол дар зинаи таҳсилоти миёна таҳсил намуда, сипас, таҳсил дар донишгоҳҳо вобаста ба самту ихтисос аз се то ҳафт сол идома меёбад.

Инчунин Бернар Тано-Бучуе зикр намуд, ки  «то ҷое огоҳӣ дорем, низоми маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақа яке аз низоми маорифи рушдёфта ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ мехоҳем бо кишвари шумо созишномаҳо ба имзо расонида, ҳамкориро вусъат бахшем. Ва пеш аз ҳама, мақсад дорем, ки ҳамкорӣ аз мубодилаи донишҷӯёну омӯзгорон оғоз ёфта, донишҷӯёни мо дар муассисаҳои таҳсилоти олии Тоҷикистон ба таҳсил дар риштаҳои аграрӣ ва техникӣ ҷалб карда шаванд».

Апрель 13, 2017 17:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт