Бидуни барасмиятдарории гумрукӣ ворид намудани маҳсулоти мавриди ниёзи мардум аз Чин сабаби оғози парвандаи ҷиноятӣ гардид

Апрель 24, 2017 11:43

ДУШАНБЕ, 24.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи кормандони Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки шаҳрванд Н. Ф., соли таваллудаш 1988, сокини шаҳри Душанбе, ҳамчунин намояндаи ширкати ҶДММ «Юнайтед — Терминал» дар асоси ваколатнома, бо маслиҳати пешакӣ барои ба даст овардани даромади муфт, ба воситаи нақлиёти рақами қайди давлатиаш 58 20 ВВ 01, ядакаш 02 85 АА 01, аз Ҷумҳурии Мардумии Чин 29 номгӯй молҳои мавриди ниёзи мардум, аз ҷумла таҷҳизоти техникӣ ва қисмҳои эҳтиётии нақлиёти боркашонӣ бо вазни умумии 14 ҳазору 800 килограммро бидуни барасмиятдарории гумрукӣ, яъне бо роҳи қочоқ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуда, дар анборхонаи шахсии худ, воқеъ дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барои нигоҳ доштан интиқол додааст.

Тавре аз Маркази матбуоти Хадамоти гумрук хабар доданд, мувофиқи маълумотномаи Раёсати батанзимдарории тарифию гумрукӣ ва назорати арзии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши молу маҳсулоти тариқи қочоқ вориднамудаи шаҳрванд Н. Ф. ва дигарон 767 ҳазору 39 сомониро ташкил медиҳад.

Нисбат ба шаҳрванд Н. Ф. аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо моддаи 289 қисми 2 – и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тибқи тобеияти тафтишотӣ барои тафтишоти минбаъда ба муфаттишони мақомоти прокуратура вогузор карда шуд.

Апрель 24, 2017 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва сохторҳои ҳизбии он назаррас арзёбӣ гардид
Дар тамоми ноҳияҳои Тоҷикистон пойгоҳҳои базавии нави 4G насб карда мешаванд
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд