Бо қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ номи як қатор корхонаву муассисаҳои шаҳр иваз гардиданд

Апрель 21, 2017 17:48

ДУШАНБЕ, 21.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе аз 9 октябри соли 2008, №523-1, аз 10 марти соли 2009, №120, аз 19 августи соли 2010, №501, аз 9 декабри соли 2010, №658-10, аз 11 январи соли 2011, №9 аз 22 марти соли 2011, №170, аз 28 ноябри соли 2005, №473, аз 5 июли соли 2006, №312, аз 12 марти соли 2015, №154-1, аз 28 марти соли 2012, №133» ба тасвиб расиданд.
Тавре аз Раёсати иттилоотӣ ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд, тибқи қарорҳои мазкур як қатор корхонаву муассисаҳои шаҳри Душанбе табдили ном карданд. Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази равобити пойтахт» ба «Маркази ҷавонон», Корхонаи воҳиди давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт бо маҷмааи варзишӣ ва фарҳангию фароғатӣ» ба Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ», Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Пойтахт-80» ба Муассисаи давлатии фарҳангию фароғатии «Аҳорун», Корхонаи воҳиди давлатии «Маҷмааи савдои Пойтахт-90» ба Корхонаи воҳиди давлатии «Бозори Меҳргон» ва Муассисаи давлатии «Боғи Пойтахт» ба Муассисаи давлатии «Боғи фарҳангию фароғатии «Хайём» иваз гардиданд.

Апрель 21, 2017 17:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Рустами Эмомалӣ сокинони шаҳри Душанберо ба муносибати Рӯзи пойтахт табрик намуданд
Ғолибон ва ҷоизадорони Ниммарафони XIV байналмилалии Душанбе муайян шуданд
ДУШАНБЕ — ҶАВҲАРИ ҶИЛОНОК ДАР БАЙНИ КӮҲҲОИ САРБАФАЛАККАШИДАИ ТОҶИКИСТОН. Эҳдо ба Рӯзи пойтахт
ДУШАНБЕ – ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОН! Андешаҳои муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ бахшида ба Рӯзи пойтахт
Имрӯз дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Пагоҳ дар шаҳри Душанбе Ниммарафони 14-уми байналмилалӣ баргузор мегардад
20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд