Бюрои ёрии ройгони ҳуқуқӣ дар Хоруғ ба фаъолият оғоз кард

Апрель 20, 2017 11:52

ДУШАНБЕ, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар маркази Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон- шаҳри Хоруғ Бюрои ёрии ҳуқуқии ройгон ба фаъолият шурӯъ намуд. Тавре ки аз Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, бюро дар доираи амалӣ гардонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Консепсияи расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар назди Раёсати адлияи вилоят ташкил карда шуд.
Зиёратшоҳ Ғайратшоҳзода, сардори Раёсати адлияи вилоят иброз дошт, ки хусусияти ёрии ҳуқуқии ройгон дар он аст, ки вай барои тамоми табақаҳои аҳолӣ дастрас мебошад.
Дар айни замон чунин бюрои ҳуқуқӣ дар шаҳри Хоруғ ташкил шуда, он бо мурури замон дар ноҳияҳо низ ташкил карда мешавад. Дар ҳафтаи аввали кор беш аз 50 нафар шаҳрвандон аз хизматрасонии кормандони ин муассиса истифода бурданд, ки 14 нафарашон муҳоҷирони меҳнатии ба Ватан баргашта мебошанд.

Апрель 20, 2017 11:52

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд