Дӯхти либосҳои мактабӣ бо истифода аз матоъҳои истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ ба роҳ монда мешавад

Апрель 5, 2017 11:38

ДУШАНБЕ, 05.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарони корхонаю коргоҳҳои дӯзандагӣ доир ба дӯхти либоси ягонаи мактабӣ ҷаласаи машваратӣ баргузор гардид.
Тавре аз Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, иштирокчиён атрофи рушди воқеии истеҳсолот, дастгирии соҳибкории ватанӣ дар самти истеҳсоли либоси босифат, аз ҷумла истеҳсоли хуштарҳу замонавӣ ва рақобатпазири либоси мактабӣ ва пешгирии ҳолатҳои ба фурӯш нарафтани либоси мактабии истеҳсолшуда сухан гуфтанд.
Дар ҷаласаи машваратӣ роҳбарони корхонаҳои дӯзандагӣ уҳдадор гардиданд, ки дар асоси ба роҳ мондани ҳамкории судманд бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дар як вақт бо волидайни хонандагон дӯхти либосҳои мактабиро бо истифода аз матоъҳои истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ амалӣ намоянд.

Апрель 5, 2017 11:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид