Дар 8 ноҳияи вилояти Суғд маъракаи кирмакхобонӣ оғоз гардид

Апрель 20, 2017 16:32

ХУҶАНД, 20.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияҳои манотиқи вилояти Суғд маъракаи тақсимоти қуттии кирмак идома дорад. Кирмакпарварони вилоят соли равон азм доранд бо риоя намудани ҳамаи қоидаҳои агротехникии парвариш ва нигоҳубини кирмак нақшаро сари вақт иҷро намоянд.
Тавре ба АМИТ Ховар сармутахассиси Идораи пиллаи Суғд Роҳат Пулотова иттилоъ дод, кирмакпарварони вилоят имсол парвариши 13 ҳазору 160 қуттӣ кирмаки навъи чиниро ба роҳ монда, нақша доранд 658 тонна пилла ҷамъоварӣ намоянд.
Дар вилоят вобаста ба иқлими минтақавии ноҳияҳо тақсими қуттиҳои кирмак аз 5 то 15 апрел ҷараён гирифт ва ҳоло дар 8 ноҳияи вилоят парвариши кирмак оғоз гардидааст. Дар чор ноҳияи иқлимашон каме хунуктар, чун Айнӣ, Панҷакент, Деваштич ва Истаравшан ин маърака аз 22 апрел оғоз меёбад. Қабули аввалин ҳосили пилла аз миёнаҳои моҳи май дар назар аст.
Ҳамчунин соли равон сарпарастии кирмакпарварони вилоятро ширкати ҶДММ «Ганҷ» ба зимма гирифта, чун пешпардохт ба ҳар як кирмакчӣ ба маблағи 50 сомонӣ кумакпулӣ додааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳоло парвариш ва корҳои нигоҳубини агротехникии кирмакҳо дар ноҳияҳои тақсимшуда дар сатҳи хуб қарор дошта, бояд аз ҳар як қуттӣ 50 кг ҳосил гирифта шавад.
Соли равон барои кирмакпарварӣ дар ноҳияҳои вилоят наздик ба панҷ ҳазор сокинон ҷалб гардида, ҳамчунин баҳри назорати риояи қоидаҳои кирмакпарвариву агротехникӣ, додани маслиҳатҳои саривақтӣ дар ҷойҳо аз ҷониби мутахассисони маҳаллии соҳаи кирмакпарварӣ гурӯҳҳои корӣ ташкил карда мешаванд.

Апрель 20, 2017 16:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд