Дар Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористӣ беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд

Апрел 17, 2017 16:10

Хабарҳои мавзӯъ

siriya-dety

ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Рошидини атрофи Ҳалаб бар асари ҳамлаи террористие, ки рӯзи шанбе, 15 апрел содир карда шуд, беш аз 60 нафар кӯдакон ба ҳалокат расиданд. Дар ин бора директори генералии Фонди кӯдакони СММ /ЮНИСЕФ/ Энтонӣ Лейк хабар дод.
Ӯ ҳамлаи ваҳшиёнаро ба корвони автобусҳои сокинони осоишта маҳкум карда, даъват намуд, ки ба хунрезӣ дар Сурия хотима бахшида шавад.
Таркиш шоми рӯзи шанбе дар нуқтаи борфурорӣ ва боркунӣ, ки он ҷо корвони автобусҳои сокинони таҳвилшудаи деҳаҳои Ал-Фуа ва Кефрайи музофоти Идлиб таваққуф намуда буд, содир карда шуд. Террористон дастгоҳи таркандаро дар мошине, ки барои гурезагон хӯроки кӯдакон ва маводи ғизоӣ меовард, тарконданд. Чанде пеш шабакаи телевизиони «Ал-Маёдин» иттилоъ дод, ки бар асари ҳамла 96 нафар ба ҳалокат расида, беш садҳо тани дигар ҷароҳат бардоштанд.
Новобаста аз ҳамла, шоми рӯзи шанбе аз Рошидин гурӯҳи калони гурезагон ба канори Рамус оварда шуд. Ба ҳамаи онҳо кумаки зарурӣ расонида мешавад.

Апрел 17, 2017 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

BagdadГурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиш дар Бағдодро бар дӯш гирифт
KNDR-3Кореяи Шимолӣ озмоиши мушаки баллистикӣ гузаронд
NikabОлмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, қабул кард
ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд