Дар Ҳамадонӣ ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир мегарданд

Апрель 25, 2017 17:31

ҲАМАДОНӢ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо оғози маъракаи даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2017 ба комиссариати ҳарбии ноҳияи ба номи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ шумораи зиёди ихтиёриён ҳозир гардиданд.

Тавре Файзалӣ Холов, корманди комиссариати ҳарбӣ иттилоъ дод, дар рӯзи аввали даъват 35 нафар ҷавонон ихтиёран ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шуданд. Дар маҷлиси тантанавӣ ба ин муносибат, ки дар саҳни ҳавлии комиссариати ҳарбӣ доир гардид, раиси комиссияи даъват, муовини раиси ноҳияи Ҳамадонӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, ҷанговарони башардӯст, сарбозони қисми низомии 03-07 ва сарбозони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода даъватшавандогон ва волидайни онҳоро табрик гуфтанд. Зикр гардид, ки аз қисмҳои низомӣ ба унвони Ҳукумати ноҳияи Ҳамадонӣ барои хизмати содиқонаи ҷавонони ин ноҳия давоми солҳои охир сипосномаҳо ворид мешаванд, ки боиси сарбаландии волидайн ва сокинони ноҳия ба шумор меравад.

Апрель 25, 2017 17:31

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд