«Дар Чин то соли 2025 боз 136 фурудгоҳ месозанд», «Никому не верь!», «Тақдири норӯшани «арӯс»- ҳои ДИИШ», «Даравгаре доси шеър дар каф», «Одами хуб»- шарҳи матбуот

Апрель 6, 2017 15:00

ДУШАНБЕ, 06.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Ҷумҳурият» дар шумораи рӯзи панҷшанбе (30.03.2017.№67 (23 148)) дар саҳифаи аввал доир ба мулоқоти Рустами Эмомалӣ-иҷрокунандаи  раиси шаҳри Душанбе бо  Филипп Беннет, роҳбари ҳайати  Бонки  аврупоии таҷдид ва рушд /БАТР/ иттилоъ медиҳад. Гуфта мешавад, ки дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои  ҳамкории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо БАТР баррасӣ гардид. Айни ҳол маблағи умумии сармоягузории БАТР ба иқтисодиёти пойтахт 18,2 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Дар ин шумора хонандагон имкон доранд мақоларо таҳти унвони «Наврӯзро гӯё беш аз хеш мешиносам…», ки ба қалами  Хоналӣ Қурбонзода, ректори Донишкадаи  ҷумҳуриявии  такмили ихтисос ва  бозомӯзии кормандони соҳаи  маориф мансуб аст,  мутолиа намоянд.

Дар ин шумораи нашрияи расмии кишвар ҳамзамон мақолаи  рӯзноманигор  Исломи Раҷабалӣ «Муъминобод: Мактаби мусиқӣ  ба дастгирӣ ниёз дорад», мақолаи мухбири  «Ҷумҳурият» С. Азизӣ «БМТ: чораҳои  қатъӣ дар танзими бозори асъор», инчунин хабару гузоришҳо аз таҷлили ботантанаи ҷашни байналмилалии Наврӯз дар  Москва, Берлин ва Париж ҷой дода шудаанд.

Нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шумораи рӯзи ҷумъа (31.03.2017. № 68  (23 149) иттилоияро доир ба  Маҷлиси навбатии Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 31 марти соли 2017  дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»  таҳти раёсати Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид, нашр намудааст. Дар  он гуфта мешавад, ки дар маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бори дигар таваҷҷуҳи аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва сохторҳои дахлдорро оид ба андешидани тадбирҳои зарурӣ дар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат дар давраи зимистонгузаронӣ ҷалб намуданд. Вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вазифадор гардиданд, ки аз ҳозир барои хариду захираи маҳсулоти хӯрокворӣ, аз ҷумла сабзавот, инчунин маводи сӯхт, аз қабили ангишт тадбирҳо андешанд. Бобати бунёду истифодаи сардхонаҳо барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозорҳои кишвар бо маводи мавриди ниёзи аввал низ дастурҳои мушаххас дода шуданд. Дар маҷлис ҳамзамон аъзои Ҳукумати кишвар лоиҳаҳои як қатор қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро маъқул дониста, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Ҳамзамон дар маҷлиси Ҳукумати мамлакат як қатор барномаҳои давлатӣ, аз қабили «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017-2022»,  «Дар бораи Барномаи давлатии рушди санъати «Шашмақом», «Фалак» ва мактаби суннатии «устод-шогирд» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021» қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

«Ҷумҳурият» дар ин шуморааш аз тасдиқи рамзи  «Соли ҷавонон» аз ҷониби  Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон хабар интишор намудааст.

Дар саҳифаи дуюми №68-и нашрияи «Ҷумҳурият» мақолаи омӯзгор Зебунисо Саъдуллоева таҳти унвони «НАВОРИ ХОТИРОТ», Аз навбати нон то файзи дастархон», инчунин ба муносибати Рӯзи байналмилалии «Китоби  кӯдакон» мақола чоп гардидааст. Дар саҳифаи иттилоотӣ-фароғатии «Ҷумҳурият» -«Шоми шанбе» бахшида ба 1 апрел-Рӯзи ханда ва таърихи пайдоиши он маводи ҷолиби дилхушкунанда нашр шудаанд, ки «Никому не верь!», «Театри Аловуддин», «Таҳрири соядаст» аз ҳамин қабиланд.

Нашрияи расмии кишвар «Ҷумҳурият» ҳамзамон дар шумораи  рӯзи чоршанбе (05.04.2017. №70 (23 151)) барқияи  тасаллияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин дар иртибот ба таркиши фоҷиабор дар  истгоҳи метрои  шаҳри Санкт-Петербург, ки бар асари он шаҳрвандон ҳалок ва  маҷрӯҳ гардиданд, интишор намудааст.  Инчунин дар ин шумора таҳти унвони  «Пешвои  миллат ва истиқлоли Наврӯз» мақола нашр гардидааст, ки муаллифони он Абдуҷаббор Раҳмонзода,  академики Академияи илмҳои  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Равшан Раҳмонӣ, профессори ДМТ мебошанд. Ҳамзамон нашрияи расмӣ дар ин шумора хабару гузоришҳоро доир ба ҳаёти сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии кишвар ва ҷаҳон чоп намудааст.

«Минбари халқ»  -нашрияи марказии Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон /ҲХДТ/ дар шумораи рӯзи чоршанбе №14 (1098) аз тасдиқи   рамзи «Соли ҷавонон» аз ҷониби Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз натиҷаҳои интихоботи вакилони халқи шаҳри Душанбе ва вакили  Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ хабару гузориш нашр намудааст.

Хонандагон имкон доранд аз ин шумораи нашрияи  марказии ҲХДТ  инчунин хабару гузориш ва мақолаҳоро таҳти унвони «Арзёбии ташаббусҳои наҷиб доир ба об», «Дастур барои зиндагии шоиста», «Эмомалӣ Раҳмон-ҳомию роҳнамои ҷавонон», «Рагҳои хунгарди  шаҳр табобат мешаванд», «Мушкилоти амниятии Осиёи Марказӣ» ва  «Диёри тоҷикнишин» -ро мутолиа намоянд.

«Равоншиносони машҳури амрикоӣ  Грейк Андерсен  ва Брейк Кучман, ки беш аз 20 сол ба омӯзиш ва пажӯҳиши  бозиҳои компютерӣ  машғуланд, таъкид менамоянд, ин бозиҳо бунёдгари  хушунат дар ҷомеаи ҷаҳонӣ будаанд»-, чунин омадааст дар мақолаи донишҷӯ Раҳмоналӣ Шарипов, ки дар саҳифаи 11-уми «Минбари халқ» нашр гардидааст. Дар бахши тандурустии нашрияи «Минбари халқ» таҳти унвони «Шири модар беҳтарин ғизо» тавсияҳои духтури кӯдакон И. Қаноатов чоп шудааст, ки дар он гуфта мешавад: «Шири модар  дар таркибаш омилҳои афзоиш ва 50 ферментро дорост, ки инҳо  ҳазм кардани моддаҳои  ғизоиро осон  мегардонанд  ва ба  афзоиши тифл  мусоидат мекунанд».

«Адабиёт ва санъат»  дар шумораи  6-уми апрели   соли 2017, №14 (1881) дар саҳифаи аввалаш аз ҷаласаи  Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хабар чоп намудааст. Хонандагон метавонанд дар ин шумора мақолаи фолклоршинос Дилшод Раҳимов  «Муждаи Наврӯз дар  тақвимҳои  суннатӣ»-ро  мутолиа намоянд.

«Чанд ҳафта пеш шоме бо Абдураҳмон баногоҳ вохӯрдам. Аз гап гап баромаду гуфтам, ки имрӯз Гулрухсор  бо телефон гӯшзад кард: «Аз насли мо аввал Абдураҳмон занги   70-солагиро мезанад. Имсол вақти фишору сардарду беморӣ нест». Чунин навиштааст нависандаи Халқии  Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар ёддоштҳояш «Зинаҳои камолот», ки дар бахши  «Адиб дар бораи адиб» интишор  гардида, ба 70-солагии адабиётшиноси маъруф  Абдураҳмони Абдуманнон бахшида шудааст. Инчунин ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба муносибати 110-солагии  профессор Шарифҷон Ҳусейнзода мақолаи профессоррон  Абдунабӣ Сатторзода ва Бадриддин Мақсудовро таҳти унвони «Пири равшанзамири шабистони сухан» ва «Муҳаққиқ ва  устоди бузурги адабиёт» нашр намудааст. Дар гӯшаи назми ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ашъори ба тозагӣ эҷоднамудаи шоир Озар ва дар бахши наср ҳикояи адиби шинохта Муҳаммад Ғоиб бо номи «Одами хуб» интишор гаридааст.

Ҳамзамон хонандагон метавонанд аз шумораи тозанашри минбари  эҷодкорони Тоҷикистон мақолаи  Салими Зарафшонфар, мудири шуъбаи  нақд ва тарҷумаи «Адабиёт ва санъат»-ро, ки  таҳти унвони «Даравгаре доси шеър  дар каф» чоп гардидааст, мутолиа намоянд.

 

 

Апрель 6, 2017 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд
Чин дар робита бо бориши шадид ҳушдори сатҳи «норинҷӣ» эълон намудааст
АЗ УРФУ ОДАТ ВА ФАРҲАНГИ БЕГОНА ПЕШГИРӢ МЕНАМОЕМ! Суратгузориши АМИТ «Ховар» аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд