Дар Душанбе 15 апрел ниммарафони навбатӣ баргузор мегардад

Апрель 4, 2017 20:17

ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 15 апрели соли равон бахшида ба таҷлили Рӯзи пойтахти Тоҷикистон ҳаштумин ниммарафони байналмилалии Душанбе баргузор мегардад. Дар робита ба ин имрӯз аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ қарори дахлдор ба имзо расид. Тибқи қарормарафони мазкур баҳри таҷлили сазовори Рӯзи пойтахт, таъмини оммавияти тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, тарзи ҳаёти солим ва таҳкими ҳамкорӣ бо бародаршаҳрҳо гузаронида мешавад.
Тавре аз Шуъбаи иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ба Сарраёсати молияи пойтахт супориш дода шудааст, ки аз ҳисоби маблағҳои озоди буҷети шаҳр барои баргузории марафони мазкур 316 ҳазору 620 сомонӣ ҷудо намояд.
Ниммарафон рӯзи шанбе, 15 апрел соати 9:00-и субҳ оғоз мешавад.
Бояд зикр кард, ки ниммарафони Душанбе ба рӯйхати расмии Ассотсиатсияи байналмилалии марафонҳо ворид шудааст, ки ба он мақоми баланд медиҳад. Тибқи анъана дар ин марафон ба ғайр аз варзишгарони тоҷик, инчунин варзишгарони Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Украина, Россия, Афғонистон, Эрон, Канада, Кения, Чин, ИМА, Франсия ва дигар кишварҳои ҷаҳон иштирок мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки аввалин ниммарафони сатҳи байналмилалии Душанбе ба масофаи 21 км бо иштироки варзишгарон аз бародаршаҳрҳо ва шаҳрҳои бо Душанбе ҳамкор, инчунин беҳтарин варзишгарон аз шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ моҳи апрели соли 2010 гузаронида шуда буд.
Рустами Эмомалӣ бо қарори дигари худ вазорату идораҳои дахлдорро вазифадор сохт, ки барои муташаккилона ва дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Тибқи қарори мазкур ҳамчунин роҳбарони сохторҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе уҳдадор гардиданд, ки барои дар сатҳи баланд амалӣ гардидани нақшаи чорабиниҳои мазкур ва дар ин замина ташкили чорабиниҳои ободониву хуррамгардонӣ, фароғативу фарҳангӣ ва варзишиву солимгардонӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Ба раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ, Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе супориш дода шуд, ки ҷиҳати ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва бехатарии зиддисӯхтор дар рӯзҳои баргузории чорабиниҳо омодагӣ бинанд.

Апрель 4, 2017 20:17

Хабарҳои дигари ин бахш

20 апрел дар баъзе кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт қатъ мегардад
Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи байналмилалии Гран-Слам оид ба гӯштини ҷудо ҷаласаи кумитаи тадорукот доир гардид
Ба ғолибони озмунҳои «Мураббии сол-2023» ва «Омӯзгори сол-2023» 10 ҳазор сомонӣ тақдим мегардад
Дар шаҳри Душанбе хатсайри нави автобус ба фаъолият шуруъ менамояд
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) Рустами Эмомалӣ бо Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии бокс (IBA) Умар Кремлёв мулоқот намуданд
Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе таҷлил мегардад
«ТОҶИ САРИ ҶУМЛА ҲУНАРҲОСТ ИЛМ». Байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун баргузор мегардад
«ЗАБОН ДОНӢ-ҶАҲОН ДОНӢ». Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт озмун доир мешавад
«БИХАНДАД ЛОЛА БАР САҲРО…». Дар Душанбе даври шаҳрии озмуни «Сайри гули лола» ҷамъбаст шуд
ЭЙ ДУШАНБЕ, ШАҲРИ БЕМОНАНДИ МАН. Суратгузориши АМИТ «Ховар» ба Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
Ҷаласаи Комиссияи озмуни Стипендияи Раиси шаҳри Душанбе баргузор гардид
«ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!». Дар Душанбе ҳамоиши гирандагони стипендия ва квотаҳои президентӣ доир гардид