Дар Душанбе ҷаласаи гурӯҳи махсуси кории давлатҳои аъзои СҲШ оид ба сармоягузорӣ баргузор мегардад

Апрель 17, 2017 17:18

ДУШАНБЕ, 17.04.2017./АМИТ «Ховар»/. 26-27 апрели соли равон дар шаҳри Душанбе ҷаласаи ҳафтуми гурӯҳи махсуси кории давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай оид ба мусоидат ба сармоягузорӣ баргузор мегардад.
Ба иттилои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, ки масъули ҳамоиш ба ҳисоб меравад, дар доираи ҷаласа вохӯрии ҳайати намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай бо Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ дар назар дошта шудааст.
Интизор меравад, ки ҳайати намояндагони давлатҳои аъзои Созмони Ҳамкории Шанхай аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Кохи Наврӯз боздид ба амал оранд.

Апрель 17, 2017 17:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад