Дар Душанбе Форуми байналмилалии соҳибкорони ҷавон оғоз гардид

Апрель 14, 2017 10:24

ДУШАНБЕ, 14.04.2017/АМИТ «Ховар»/. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи таҷлили Соли ҷавонон Форуми байналмилалии  соҳибкорони ҷавон  таҳти унвони  «Ҷавонон- муҳаррики рушди  соҳибкории инноватсионӣ» ҷараён дорад.

Дар доираи Форум  намоиши инноватсионии дастовардҳои  соҳибкорони ҷавон  ва ҷавонони фаъол ташкил гардидааст, ки чанд лаҳза пеш Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иқтисодӣ Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода ва Раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳтам Абдуллозода ҳамроҳ бо дигар меҳмонону иштирокдорони форум аз он дидан карданд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, Форуми мазкур бо ибтикори Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, дар он ҳудуди 400 нафар  соҳибкорони ҷавон иштирок доранд.

Форуми мазкур дар доираи силсилабарномаҳои Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз ҷониби Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 бо мақсади ҷалби ҷавонон ба фаъолияти соҳибкорӣ, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва мусоидат дар рушди фаъолияти соҳибкорӣ баргузор мегардад.

 

 

Апрель 14, 2017 10:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Эстония Хонаи савдои Тоҷикистон таъсис дода мешавад
Намояндагони Тоҷикистон дар «Аirspace world 2024» дар Женева иштирок намуданд
Роҳбари хоҷагии деҳқонии «Бобои Носир»: «Истифодаи оқилонаи 7,5 гектар замин ва даромад аз он дар баланд гардидани сатҳи зиндагии 5 оила мусоидат намуд»
Деҳқонони ноҳияи Мастчоҳ имсол дар майдони зиёда аз 23 ҳазор гектар кишту парвариши зироати кишоварзиро ба нақша гирифтаанд
Дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи X байналмилалии савдо «Суғд-2024» доир мегардад
«РОҲ БА СӮИ ТИЁНШОН». Душанбе охири моҳи май мизбони конфронси байналмилалӣ мегардад
Соли 2023 ба буҷети шаҳри Гулистон аз ҳисоби хизматрасонии сайёҳӣ ва табобатӣ зиёда аз 40 миллион сомонӣ ворид шуд
Ҳоҷагидорони Кооперативи истеҳсолии «Сомон-Бохтар»-и ноҳияи Кӯшониён майдони парвариши лимӯро васеъ менамоянд
Сардхонаи муосири деҳоти «Файзи Истиқлол»-и ноҳияи Кӯшониён ба аҳолӣ хизмат мерасонад
«ТОҶИКИСТОН-2024». Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалӣ доир мешавад
120 гектар замини канори деҳаи Ғӯсари шаҳри Панҷакент бо оби полезӣ таъмин мегардад
Масъалаи тезонидани корҳо оид ба тармим ва навсозии нақби «Истиқлол» дар Душанбе баррасӣ гардид