Дар Душанбе озмунҳои шаҳрии соҳаи тандурустӣ ҷамъбаст гардиданд

Апрель 14, 2017 10:05

ДУШАНБЕ, 14.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади ҳавасмандгардонии моддию маънавии кормандони соҳаи тандурустии шаҳр ва беҳтар намудани  хизматрасонии тиббию санитарӣ ба аҳолии  пойтахт қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «Дар бораи  ҷамъбасти натиҷаи озмунҳои шаҳрии «Беморхонаи сол  2016», «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию  санитарии сол — 2016», «Табиби сол — 2016», «Табиби оилавии сол — 2016» ва «Корманди миёнаи тибби сол — 2016»» ба тавсиб расид.

Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар доданд,  тибқи қарори мазкур Кумитаи тадорукотӣ оид ба ҷамъбасти даври озмунҳои шаҳрии  соҳаи тандурустӣ тасдиқ гардида,   ба ғолиби озмуни «Беморхонаи сол — 2016» — Муассисаи давлатии Маркази тиббии шаҳри Душанбе ба номи К. Ахмедов ба маблағи 3000  (се ҳазор) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Муассисаи кумаки аввалияи тиббию санитарии сол — 2016» — Маркази саломатии шаҳрии №10 ба маблағи 2500  (ду ҳазору панҷсад)  сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Табиби сол — 2016» — мудири шуъбаи ҷарроҳии Беморхонаи клиникии шаҳрии №3 Қутбидин Саидов  ба маблағи 2000 (ду ҳазор)  сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Табиби оилавии сол — 2016» — табиби оилавии Маркази саломатии шаҳрии №10 Наргис Худойбердиева ба маблағи 1500 (як ҳазору панҷсад) сомонӣ, ба ғолиби озмуни «Корманди миёнаи тибби сол-  2016» ҳамшираи тиббии Маркази шаҳрии бемориҳои пӯст ва зуҳравӣ Гуландом Чақонова ба маблағи 1000 (як ҳазор) сомонӣ мукофотпулӣ супорида мешавад.

Хотиррасон менамоем, ки ғолибони озмун дар Рӯзи пойтахт бо мукофотҳои таъсисдода сарфароз гардонида мешаванд.

 

Апрель 14, 2017 10:05

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҷавонон – пайравони Пешвои миллат ва меросдори анъанаҳои наврӯзӣ». Дар Душанбе Фестивали чоруми дӯстии ҷавонон доир мешавад
«КАРНАВАЛИ НАВРӮЗӢ». Имрӯз дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз барномаи фарҳангӣ доир мегардад
«Карнавали Наврӯзӣ» дар Майдони Истиқлоли шаҳри Душанбе 25 март баргузор мегардад
ХУШ ОМАДӢ, НАВРӮЗИ МАН! Дар Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ сокинону меҳмонон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба қишри ниёзманди ҷомеа ва сарбозони қисмҳои низомӣ кумак расонида шуд
ТАНТАНАҲОИ НАВРӮЗӢ. Имрӯз дар тамоми боғҳои пойтахт барномаҳои рангини фарҳангӣ баргузор мегарданд
Субҳи имрӯз дар «Боғи Ғалаба» сокинони чор ноҳияи пойтахт бо оростани гулхани ҷашнӣ фарорасии Соли нави аҷдодиро пешвоз гирифтанд
Дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» баргузор гардид
РАМЗИ БАҲОРУ НАВРӮЗ. Дар чор ноҳияи шаҳри Душанбе табақи суманак гузошта шуд
Дар Душанбе бо мақсади муаррифии имконияти сайёҳӣ ва фарҳанги миллии тоҷикон фестивали байналмилалӣ оғоз ёфт
«НАВРӮЗ-МЕРОСИ ФАРҲАНГИЮ ҶАҲОНГАРДӢ». Дар шаҳри Душанбе фестивали байналмилалӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-МАКОНИ БЕҲТАРИНИ САЙЁҲӢ. Дар айёми баҳор пойтахт барои гардишгарӣ хеле муносиб аст