Дар Файзобод ба ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид

Апрель 26, 2017 15:11

ФАЙЗОБОД, 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар  ноҳияи Файзобод  бахшида ба 31–умин солгарди Рӯзи байналхалқии ёдбуди шаҳидони садамаҳои радиатсионӣ конференсияи ҷумҳуриявии  ташкилоти ҷамъиятии  «Итифоқи маъюбони  Чернобил»–и  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баргузор шуд. Дар конференсия намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафирони фавқулодаи Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Украина ва Беларус дар Тоҷикистон, раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Кумитаи кор бо интернатсионалистони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 159 нафар вакилони конференсияи ҷумҳуриявии  Ташкилоти ҷамъиятии  чернобилчиён аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру навоҳии тебеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Дар конференсия раиси ноҳияи Файзобод Миралӣ Раҷабзода иброз намуд, ки «таъсири фоҷиабори садамаҳои радиатсиониву атомӣ сокинони сайёраи заминро бетараф намегузорад. Бо ин мақсад бо қарори Созмони Милали Муттаҳид 26 апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии ёдбуди шаҳидони  садамаҳои радиатсонӣ эълон гардидааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбат ба ин масъала бетараф набуда, баҳри таҳкими инсондӯстиву адолат ва пойдории гуманизм дар сайёра талош намуда, дар ин самт пайваста тадбирҳои заруриро амалӣ менамоянд. Далели ин гуфтаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштирокчиёни садамаи Чернобил» аст, ки соли 2007 қабул гардид».

Зикр гардид, ки аз соли 2007 инҷониб дар ҷумҳурӣ ташкилоти ҷамъиятии «Иттифоқи маъюбони Чернобил» амал мекунад, ки дар ҳайати он ташкилотҳои вилоятӣ, минтақавӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявӣ дар тамоми манотиқи кишвар фаъолият доранд. Иштирокчиёни бартарафсозии оқибатҳои садамаи мазкур пайваста таҳти ҳимояи давлату ҳукумати кишвар қарор доранд.  Имрӯз ҳукумати кишвар барои маъюбон ва иштирокчиёни садамаи мазкур имтиёзҳои зиёдеро муҳайё намуда, ки онҳо метавонанд аз он истифода намоянд.

Дар конференсия ба иштирокчиёни садамаи Чернобил сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ супориданд.

Апрель 26, 2017 15:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд