Дар Хатлон дар се моҳ 80 ҳолати қонуншиканӣ дар самти танзим ба қайд гирифта шуд

Апрель 25, 2017 17:28

ДУШАНБЕ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз гурӯҳи кории Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати анҷом додани корҳои омӯзишию фаҳмондадиҳӣ бо кормандони соҳа ба ноҳияҳои Ҷайҳун, Шаҳритӯс, Панҷ ва Қубодиёни вилояти Хатлон сафар намуд.
Тавре аз Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба АМИТ«Ховар» хабар доданд, ҳадафи ташкили ин гурӯҳи корӣ, пеш аз ҳама, ба роҳ мондани татбиқи босамари Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошад. Манбаъ ҳамчунин афзуд, ки дар баробари ноил гардидан ба муваффақиятҳо ҳанӯз ҳам ҳолатҳое ҳастанд, ки сокинон талаботи қонуни мазкурро нодида мегаранд ва ин боиси тартиб додани санадҳои маъмурӣ нисбат ба онҳо мегардад.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин сафар ҳамчунин кормандони Кумита самтҳои фаъолияти кормандони соҳаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар минтақаҳои мазкурро мавриди муҳокима қарор дода, барои пешрафти кор дар ин ҷода машваратҳои дахлдор медиҳанд.
Ба иттилои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ, дар се моҳи аввали соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 80 ҳолати нақзи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба қайд гирифта шудааст.

Апрель 25, 2017 17:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Наврӯз ҳамчун ҷашни эҳёи табиат истифодаи оқилонаи заминро талқин менамояд
Кишоварзони ноҳияи Зафаробод дар 120 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия вохӯрӣ доир шуд
Ба кишоварзони ноҳияи Деваштич барои парвариши картошка ва тухмиҳои хушсифат тавсияҳо дода шуд
Дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд кишти чигит оғоз ёфт