Дар Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд ҷаласаи корӣ баргузор гардид

Апрель 1, 2017 09:53

ДУШАНБЕ, 01.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Комиссариати ҳарбии вилояти Суғд бо иштироки раисони комиссияҳои даъватии шаҳру ноҳияҳо, комиссарҳои ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул ҷаласаи корӣ баргузор шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд, ҷаласа бо иштироки Рустам Раҳматзода, муовини якуми Раиси вилояти Суғд, раиси комиссияи даъватии вилоятӣ сурат гирифта, дар он асосан ҷараёни  ичрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» мавриди назар қарор дода шуд.

Зикр гардид, ки бо таваҷҷуҳи бевоситаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шароити буду боши хизматичиёни ҳарбӣ дар тамоми қисмҳои низомӣ беҳтар гардида, ин тадбир барои зиёд гардидани сафи ихтиёриён таъсири амиқ расонидааст.

Дар ҷаласа раиси комиссияи даъватии вилоятӣ Рустам Раҳматзода вобаста ба корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ барои ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар ва дигар паҳлӯҳои фаъолияти комиссариатҳои ҳарбии шаҳру навоҳӣ сухан гуфта, барои ҷоннок намудани фаъолият, бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва роҳ надодан ба қонуншиканӣ дар мавсими даъвати баҳории ҷавонон супоришҳои мушаххас дод.

Гарнизон Согда

Апрель 1, 2017 09:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд
Ҷаласаи навбатии гурӯҳи коршиносони давлатҳои аъзои СҲШ оид ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ доир гардид
Сокинони беш аз 15 ҳазор манзил дар шимоли Уганда аз обхезиҳо зарар диданд
Бар асари борони сел дар Чин 11 нафар бедарак шудаанд
Хадамоти алоқаи Тоҷикистон: «Ширкатҳои мобилӣ бояд суръати интернетро баланд бардоранд, на нархи интернет ва алоқаи мобилиро»
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат борида, раъду барқ ба амал меояд
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 апрел, сешанбе, 114-умин рӯзи соли 2024 аст
Ҷавонон бо фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд