Дар Кўлоб мусобиқаи гӯштини тарзи озод доир шуд

Апрель 15, 2017 13:33

КӮЛОБ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Мактаби махсуси варзишии кўдакон ва наврасони вилояти Хатлон оид ба намудҳои гӯштин ба номи ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов дар шаҳри Кўлоб мусобиқаи минтақавии гўштини тарзи озод баргузор гардид.
Мусобиқаи мазкур миёни ҷавонони солҳои таваллуди 1997-1999 гузаронида шуд, ки дар он варзишгарон дар 8 вазн байни ҳам қувваозмоӣ карданд.
Тавре Зайниддин Давлатов, мудири бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии минтақаи Кўлоб хабар дод, мақсади мусобиқаи варзишӣ тарғибу ташвиқи гўштини тарзи озод дар байни ҷавонон, баланд бардоштани маҳорати касбии варзишгарон ва муайян намудани дастаи яккачини минтақа баҳри иштирок дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ мебошад.

Апрель 15, 2017 13:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид