Дар Малайзия Наврӯзи байналмилалиро хотирмон таҷлил карданд

Апрель 4, 2017 10:26

ДУШАНБЕ, 04.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Дар Малайзия маросими ботантанаи ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор гардид. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» Музаффар Муҳаммадӣ, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия хабар дод.
Тавре ки сафир иттилоъ дод, таҷлили иди наврӯзӣ бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия дар ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Ситӣ гузаронида шуд. Инчунин зикр намуд, ки дар маросими ботантанаи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ шаҳрвандон ва донишҷӯёни тоҷик ва дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки муқими Малайзия ҳастанд, ширкат намуданд.
Ҳамчунин аз ҷониби Сафорат гӯшаи фарҳангӣ бо намунаи осори ҳунарии аҷдодӣ, китобҳо оид ба фарҳанги мардуми Тоҷикистон, намунаи чакан, сангҳои маҳаллӣ, асбобҳои мусиқии тоҷикӣ ва нақшу нигори қадимӣ ба намоиш гузошта шуданд.

Апрель 4, 2017 10:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд
Дар Уммон бар асари обхезиҳо 15 нафар ба ҳалокат расид