Дар мавзеи Роғаки ноҳияи Дарвоз, ки иқлими субтропикӣ дорад, лимӯпарварӣ босуръат рушд мекунад

Апрель 28, 2017 11:06

ХОРУҒ, 28.04.2017. /АМИТ«Ховар»/. Деҳаи Роғаки ҷамоати Нулванди ноҳияи Дарвоз бо обу ҳаво ва иқлими худ нисбат ба дигар ноҳияҳои вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан фарқ дорад. Танҳо боғдорони ҳамин мавзеъ имкон доранд, ки ниҳолҳои субтропикие, чун лимӯ, анҷиру анори босифатро парвариш  ва ба фурӯш гузоранд. Раиси ин ҷамоат Аловуддин Афғонов гуфт, ки «маҳсулоти кишоварзони деҳа на танҳо дар бозорҳои кишвар харидорони зиёд дорад, балки дар  чанд соли охир хориҷ аз кишвар низ талабот ба маҳсулоти онҳо афзудааст. Онҳо аз ин ҳисоб ҳамасола даромади хуб ба даст меоранд. Аз ин рӯ таваҷҷуҳашон ба парвариши меваҳои субтропикӣ, махсусан лимӯпарварӣ бештар мешавад».

Ҳоло дар мавзеи Роғак 32 лимӯхона мавҷуд буда, хоҷагии махсуси лимӯпарварӣ низ таъсис ёфт.

Ҳамчунин иддае аз сокинони деҳа дар 14 гектар замин боғҳои анору анҷир бунёд намудаанд. Яке аз сабабҳои афзоиши теъдоди харидорон он аст, ки боғдорони ин мавзеъ ҳаргиз аз моддаҳои кимиёӣ истифода намебаранд. Рушди соҳаи чорводорӣ ба онҳо имконият додааст, ки бештар аз моддаҳои органикӣ истифода баранд.

 

Апрель 28, 2017 11:06

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид