Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд

Апрел 20, 2017 10:42

Хабарҳои мавзӯъ

Mosul-1

ДУШАНБЕ, 20.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» (мамнӯъ дар Тоҷикистон) Абубакр ал-Бағдодӣ бо лақаби Абуабдулраҳмон зимни амалиёти озоднамоии Мосули Ироқ нобуд карда шуд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба изҳороти фармондеҳи полиси федералии Ироқ генерал Роид Шокир Ҷоудат хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, фармондеҳи саҳроӣ, ки яке аз наздикони ал-Бағдодӣ буд, зимни ҳамла ба мавқеи «Давлати исломӣ» дар минтақаи Аз-Занҷилии қисмати ғарбии Мосул нобуд карда шуд. Шаҳрвандии ӯ ошкор нагардидааст.
Ҳамчунин дар бораи дар давоми чанд шабонарӯзи гузашта маҳв гардидани сеюмин роҳбари «Давлати исломӣ» бо лақаби Абумария ар-Русӣ дар маҳалҳои Мосули кӯҳна иттилоъ расидааст. Гуфта мешавад, ки эҳтимол ӯ шаҳрванди Россия бошад. Чанде пеш дар бораи нобуд гардидани фармондеҳони саҳроӣ Абуҳоҷир ар-Русӣ ва «мергани асосӣ»-и «Давлати исломӣ» иттилоъ расида буд. Бино ба маълумоти неруҳои Ироқ, эҳтимол ҳарду ҷангӣ шаҳрвандии Россия доштанд.
Ёдовар мешавем, ки амалиёти ҳарбӣ оид ба озод намудани Мосул аз гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» аллакай беш аз 6 моҳ боз идома дорад. Дар ин муддат ба неруҳои Ироқ муяссар гардид, ки қисмати шарқии шаҳрро пурра зери назорат гирифта, ба пешравии назаррас дар қисмати ғарбии он ноил шаванд. Аз лаҳзаи оғози амалиёти зиддитеррористӣ дар Ироқ ба неруҳои муттаҳидшуда муяссар гардид, ки аксарияти фармондеҳони саҳроии «Давлати исломӣ»-ро нобуд созанд.

Апрел 20, 2017 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

BagdadГурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиш дар Бағдодро бар дӯш гирифт
KNDR-3Кореяи Шимолӣ озмоиши мушаки баллистикӣ гузаронд
NikabОлмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, қабул кард
ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
ErdoganЭрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист