Дар назди Мактаби президентии шаҳри Хоруғ Фитнес-клуб таъсис дода шуд

Апрель 25, 2017 11:59

ХОРУҒ, 25.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Бо ибтикори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ ва кумаки молии соҳибкори маҳаллӣ Шамсия Седшоева дар назди Муассисаи давлатии Мактаби президентии шаҳри Хоруғ барои наврасону ҷавонон Фитнес-клуб ба фаъолият пардохт. Барои хариди таҷҳизоти варзишӣ барои клуби мазкур 104 ҳазор сомонӣ ихтисос дода шуд. Дар ифтитоҳи он раиси шаҳри Хоруғ Арамбегим Маҳтобшоҳзода изҳор дошт, ки «аз тарафи Пешвои миллат Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 ҳам дар миёни муассисаву ташкилотҳои давлатӣ ва ҳам бахши хусусӣ ҷонибдорони зиёд пайдо кард.  Намунае аз онро имрӯз бо чашми худ мебинем. Ҳамаи ин саъю талош танҳо ба хотири ба воя расонидани насли солим, доно ва тавоно мебошад. Ҳоло дар шаҳри Хоруғ чаҳор фитнес-клуб вуҷуд доранд, ки дар баробари ҷавонон дар ин клубҳо духтарон низ тамрин мекунанд».

Соҳибкори маҳаллӣ Шамсия Седшоева гуфт, ки дар назди Фитнес- клуб утоқи маҳскунӣ бо ду воҳиди корӣ ташкил шудааст, ки се намуди маҳсро ба варзишгарон пешниҳод менамояд.

 

Апрель 25, 2017 11:59

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Душанбе шабакаи байналмилалии беморхонаҳо «АҷиБадем» ифтитоҳ гардид
Шумораи бар асари тӯфони «Раи» ҳалокшудагон дар Филиппин ба 169 нафар расид
ҲУШДОР АЗ БОРОНҲОИ БОШИДДАТ ВА СЕЛ. Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони бошиддат меборад
Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст