Дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ доир карда шуд

Апрель 27, 2017 10:49

ДУШАНБЕ, 27.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи татбиқи «Барномаи миллии иммунопрофилактика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020», бо мақсади таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ, пешгирии хуруҷи бемориҳои ба воситаи ваксина идорашаванда, аз ҷумла пешгирӣ намудани воридшавӣ, гардиш, гузариш ва пахншавии вируси ёбоии фалаҷ ба ҷумҳурӣ аз Ҷумҳурии исломии Афғонистон бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияҳои ҳамсарҳад бо Афғонистон- Ш.Шоҳин, Фархор, Ҳамадонӣ, Панҷ, Ҷайҳун, Дӯстӣ, Қубодиён, Шаҳритус ва Н.Хусрав аз 17 апрел то 19 апрели соли 2017 даври якуми «Рӯзҳои эмгузаронӣ бар зидди бемории фалаҷ» гузаронида шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Рӯзҳои эмгузаронӣ дар байни кӯдакони навзод то 5 сола (0-4 солаю 11 моҳа 29 рӯза) гузаронида шуд.
Хотиррасон мекунем, ки ҳамасола аз 24 то 27 апрел бо ташаббуси Бюрои минтақавии аврупоии (БМА) Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) Ҳафтаи аврупоии эмгузаронӣ гузаронида мешавад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббуси БМА ТУТ-ро дастгирӣ намуда, аз 24 то 30 апрели соли 2017 дар ҷумҳурӣ Ҳафтаи аврупоии эмкунӣ мегузаронад, ки чунин чорабиниҳо баҳри тарғибу ташвиқи иммунопрофилактика ҳамчун усули самарабахш барои пешгирии бемориҳои сироятӣ равона карда шудааст.

Апрель 27, 2017 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тошканд густариши ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Тоҷикистон ва Узбекистон баррасӣ шуд
«МегаФон Life»: маблағро тариқи паёмрасон интиқол диҳед!
Дар Бадахшон масъалаи таъмири роҳҳои дорои аҳамияти маҳаллӣ баррасӣ гардид
Дар Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар шаҳри Душанбе Маркази мониторинги камераҳои мушоҳидавӣ фаъол гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Файзобод бо фаъолону собиқадорон ва ходимони дини деҳоти Чашмасор мулоқот доир гардид
Дар ду қисми низомии тобеи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дастархони идона ороста гардид
Дар ноҳияи Деваштич маъракаи кишти картошка оғоз шуд
Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон, даъвати шашум доир гардид
Дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳонаи Президенти Тоҷикистон дар якчанд қисми ҳарбӣ дастурхони идона ороста шуд
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шаҳомати хосса таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбанда шуда, борон ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад