Дар ноҳияи Рӯдакӣ чор нуқтаи махсуси эмгузаронии чорво ба истифода дода шуд

Апрель 18, 2017 16:03

РӮДАКӢ, 18.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Дар  ҷамоатҳои деҳоти Эсанбой, Лоҳур, Чоргултеппа ва Султонободи  ноҳияи Рӯдакӣ  чор нуқтаи махсуси эмгузаронии чорво аз ҳисоби маблағҳои озоди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии  ноҳияи Рӯдакӣ  сохта ба истифода дода шуд.

Дар ин бора сардори Шабакаи мубориза  бар зидди бемориҳои ҳайвоноти ноҳияи Рӯдакӣ Соҳибназар Давлатов ба хабарнигори  АМИТ «Ховар»  иттилоъ дод.

То имрӯз мутахассисон барои эмгузаронӣ хона ба хона мерафтанд, акнун нуқтаҳои эмгузаронӣ барои сокинону мутахассисон шароити хуби корӣ фароҳам овард.

Инчунин мутахассисони Шабакаи мубориза  бар зидди  бемориҳои ҳайвоноти ноҳия дар асоси нақшаи корӣ 70 ҳазору 715 сар ҳайвони калони шохдор, 108 ҳазору 889 сар бузу гӯсфанд ва 1912 сар аспро ба муқобили бемориҳои сироятии сӯхтанӣ, вабои сумдард, сияҳрон, гули гӯсфанду буз ва товуни ҳайвони шохдори майдаро эм мегузаронанд.

Апрель 18, 2017 16:03

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Кумитаи ҳифзи муҳити зист дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид
Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд