Дар Суғд иҷрои нақшаи кишти ғалладонагиҳо ба 99,1% расонида шуд

Апрель 26, 2017 17:37

ХУҶАНД. 26.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Имрўзҳо дар ҷумҳурӣ кишти баҳорӣ бо маром идома дорад. Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд иттилоъ доданд, ғаллакорони вилоят соли равон нақша доранд дар майдони 54751 гектар кишти ғалладонагиҳоро гузаронанд. То 24 апрел  корҳо 99,1% иҷро гардида, дар ин самт фаъолияти кишоварзони навоҳии Деваштич (112,9%), Ҷаббор Расулов (111,9%), Мастчоҳ (102,4%), Истаравшан (101,4%) ва Шаҳристон (99,6%) назаррас аст.

Ҳамчунин коштани сабзавот  низ идома дошта, то ин давра дар миқёси вилоят дар майдони 5103 га сабзавот кишт шудааст, ки он ба 64,2 %  баробар аст. Кишти картошка аз ҷониби кишоварзони вилоят дар майдони 3176 га анҷом дода шудааст, ки он 35,5% -и нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин самт ноҳияҳои Спитамен, Б.Ғафуров, Ашт, Ҷ.Расулов, Мастчоҳ пешсаф буда, кишоварзони ноҳияҳои боқимонда низ кӯшиш доранд кишти картошкаро, ки соли равон тибқи нақша дар майдони 8935 гектар бояд гузаронида шавад, бо истифода аз ҳавои минтақаҳо дар муҳлати муайяншуда ба иҷро расонанд.

 

Апрель 26, 2017 17:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳ ва ағбаҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Амири Кувайт сарвазири навро таъйин намуд