Дар ВМКБ ба васл кардани шабакаҳои нави телевизионии «Футбол», «Варзиш» ва «Синамо» дар моҳвораҳои NSS-12 sd Yahasat 1a шурӯъ карданд

Апрель 1, 2017 10:02

ХОРУҒ, 01.04.2017. /АМИТ «Ховар»/. Пас аз ба охир расидани муҳлати қарордоди пахши барномаҳои телевизонҳои ҷумҳуриявӣ дар моҳвораи ABC ба ҷойгир намудани ин шабакаҳо дар моҳвораи NSS-12 ва Yasata 1a шурӯъ намуданд. Дар Маркази интиқоли мавҷҳои радио ва телевизиони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтанд, ки «қабл аз Истиқлолияти давлатӣ сокинони вилоят аз тамошои ягона шабакаи телевизионии ҷумҳуриявӣ маҳрум буданд. Соли 1996 бо дастгирии бевоситаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва талоши мутахассисони ватанӣ орзуи сокинони вилоят амалӣ гашт ва онҳо имкон пайдо намуданд, ки барномаҳои Шабакаи аввали телевизиони Тоҷикистон (ҳоло шабакаи «Тоҷикистон»)-ро тамошо кунанд. Дар солҳои минбаъда сокинони вилоят аз тамошои  шабакаҳои дигар, ба мисли «Сафина», «Ҷаҳоннамо», «Баҳористон», Варзиш», «Синамо» бархӯрдор гардиданд. Соли равон муҳлати қарордоди пахши барномаҳо аз тариқи моҳвораи ABS ба анҷом расид ва ҳоло мутобиқи қарордоди нав ин шабакаҳо ба моҳвораи нави NSS-12   ва Yahsat 1a васл карда мешаванд».

Мутахассисони маркази мазкур изҳор доштанд, ки ҷойгир кардани шабакаҳои ҷумҳуриявиро дар моҳвораи нав то нимаи дуюми моҳи апрел ба охир мерасонанд. Аз тариқи ин моҳвораҳо ҳамчунин барномаҳои радиоиҳои «Садои Душанбе», «Тоҷикистон», «Фарҳанг», «Овози тоҷик» низ садо хоҳанд дод. Ин ду моҳвораро дар бештар аз 30 давлати дунё ба таври пурра ва 17 давлат қисман истифода мебаранд ва барномаҳои радиоӣ ва телевизионӣ дар шакли HD бо сифати баланд пахш мегарданд.

Апрель 1, 2017 10:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ҷануби Чин тақрибан 110 ҳазор нафар аз сабаби бориши шадид ба ҷойи бехавф бурда шуданд
Сарфакорона истифода бурдани неруи барқ воситаи хеле муҳими таъминоти пурра бо барқ аст
Ширкати МегаФон Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи пойтахти Тоҷикистон — Душанбе туҳфа намуд
Бар асари бархӯрди чархболҳо дар Малайзия 10 нафар ба ҳалокат расид
Гули шукуфта рамзи Соли ҳаракати ихтиёриёни ИДМ гардид
Дар партави Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф конференсияи илмӣ-амалӣ гузаронида шуд
Корхонаи бофандагии «Пиллаи тоҷик» аз абрешим атласу адраси аълосифат истеҳсол менамояд
Гурӯҳҳои корӣ дар ноҳияи Варзоб ба сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот иҷрои қонунҳои миллиро мефаҳмонанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар ҷамоатҳои шаҳру деҳоти Кӯлоб ҳашари тозагӣ гузаронида шуд
Роҳи байнишаҳрии Ҳисор-Айнӣ-Душанбе таъмир карда мешавад
СММ: 800 ҳазор нафар дар Ал-Фашир зери хатари ниҳоят шадид қарор доранд