Доираҳои тиҷоратии Ӯзбекистон ба Душанбе меоянд

Апрель 15, 2017 13:31

ДУШАНБЕ, 15.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. 19 апрел дар доираи баргузории намоишгоҳи молҳои саноатии Ӯзбекистон дар Душанбе ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон доир мегардад. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадаф аз баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор арзёбӣ мегардад.
Интизор меравад, ки дар доираи баргузории ҳамоиши доираҳои тиҷоратии Тоҷикистону Ӯзбекистон масоили марбут ба таҳкими ҳамкорӣ байни соҳибкорони ду кишвари ҳамсоя баррасӣ хоҳанд гашт.

Апрель 15, 2017 13:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Теъдоди ҳалокшудагони ҳодисаи обхезӣ дар АМА ва Уммон ба 20 нафар расид
Шавкат Мирзиёев: «Тоҷикистон барои Узбекистон шарики боэътимоди стратегӣ ва дӯсти наздик дониста мешавад»
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат пешгӯӣ мешавад
Тошканд пойтахти ҷавонони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид
Таҷдиди неругоҳи «Қайроққум» бомаром идома дорад
Байни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ва панҷ донишгоҳи Узбекистон шартномаи ҳамкорӣ баста шуд
Оё Тоҷикистонро пешрафти рақамӣ интизор аст?
Дар шоҳроҳи Душанбе — Чанок теъдоди қуттиҳои махсус барои партов ба 70 адад расонида мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои бебориш пешгӯӣ мешавад
Барои арзёбии таъсири эҳтимолии офатҳои табиӣ ба устувории қарзи Арманистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон санади корӣ таҳия гардид
Бар асари обхезӣ дар Танзания 1000 нафар бе сарпаноҳ монд
Дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар бораи миқдори зиёдтарини бориш дар 75 соли охир гузориш доданд