Шумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расид

Апрел 17, 2017 12:10

Хабарҳои мавзӯъ

Iran

ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Шумораи қурбониёни обхезӣ дар шимолу ғарби Эрон ба 42 нафар расида, 6 каси дигар бедарак мебошанд. Дар ин бора агентии «Синхуа» бо истинод ба изҳороти роҳбари хадамоти идоракунии вазъи буҳрон Исмоил Наҷор хабар медихад.
Ба гуфтаи манбаъ, субҳи рӯзи ҷумъа дар чор музофоти Эрон — Озарбойҷони Ғарбию Шарқӣ, Курдистон ва Занҷон боришоти шадид шуда, боиси обхезӣ дар як зумра ҳавзаҳои музофотҳо гардиданд. Бино ба гузориши шабакаи телевизиони давлатии «IRIB TV», обхезӣ ба на кам аз 52 шаҳру деҳоти минтақа хисорот расонд.
Чанде пеш иттилоъ расида буд, ки аксарияти қурбониён ба музофоти Озарбойҷони Шарқӣ рост меоянд. Мақомот амалиёти ҷустуҷӯӣ ва наҷотдиҳӣ мегузаронанд.

Апрел 17, 2017 12:10

Хабарҳои дигари ин бахш

BagdadГурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиш дар Бағдодро бар дӯш гирифт
KNDR-3Кореяи Шимолӣ озмоиши мушаки баллистикӣ гузаронд
NikabОлмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, қабул кард
ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд