Эрдоган нақшаи «фавран ҷорӣ намудани ҳукми қатл»-ро баррасӣ карданист

Апрел 17, 2017 17:16

Хабарҳои мавзӯъ

Erdogan

ДУШАНБЕ, 17.04.2017 /АМИТ «Ховар»/. Эҳтимол дар Туркия ҳукми қатл расман ҷорӣ ва қонунӣ карда шавад. Дар ин бора президенти Туркия Реҷеп Эрдоган изҳор дошт. Дар раъйпурсие, ки рӯзи якшанбе баргузор гардид, беш аз 50 дарсади шаҳрвандони Туркия ба ҷонибдории ворид намудани тағйиру иловаҳо ба конститутсияи кишвар овоз доданд.
Президент Реҷеп Эрдоган изҳор дошт, ки пас аз раъйпурсие, ки рӯзи якшанбе, 16 апрел баргузор гардид, дар ҳукумати кишвар баррасии масъалаи зарурати ҷорӣ намудани ҳукми қатлро оғоз мекунанд.
Ӯ зикр намуд, ки тасмим дорад масъалаи ба конститутсия баргардонидани ҳукми қатлро бо сарвазир Бинали Йилдирим ва раиси Ҳизби мухолифи ҳаракати миллӣ Девлет Бахчелӣ фавран баррасӣ намояд.
Эрдоган афзуд, ки баргузор намудани раъйпурсии нав вобаста ба ҳукми қатл имконпазир аст. Ӯ ёдрас шуд, ки мардуми Туркия моҳи июли соли 2016 ҳангоми кӯшиши табаддулот муқобилият нишон дода, «шикаст нахӯрд».
Ҳукми қатл дар Туркия шурӯъ аз соли 1984 иҷро намешуд. Соли 2004 Эрдоган бо мақсади риояи нақшаи шомилшавии кишвар ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо ин тасмимро расман бекор карда буд. Муҳокимаи ҷорӣ намудани ҳукми қатл пас аз табаддулоти соли 2016 аз сар гирифта шуд. Эрдоган зарурати қонунӣ намудани ҳукми қатлро ба хотири ҷазо додани онҳое, ки дар табаддулот даст доштанд, борҳо зикр намуда буд.
Эрдоган худи раъйпурсиро заминаи «ислоҳоти муҳим» дар таърихи кишвар хонд. Рӯзи якшанбе, 16 апрел 51,23 дарсади шаҳрвандони Туркия ба ҷонибдории гузариш аз шакли идоракунии парламентӣ, ки аз замони таъсиси Ҷумҳурии Туркия вуҷуд дошт, ба президентӣ овоз доданд. Ин маънои васеъ намудани ваколати президенти кунуниро дорад. Эрдоган метавонад шахсан вазиронро таъйин намояд, фармонҳо диҳад, ҳолати фавқулода эълон намояд ва парлумонро барҳам диҳад, инчунин мансаби сарвазирро бекор кунад. Мухолифини гузариш ба низоми нави идоракунӣ 48,77 дарсад овоз гирифтанд.

Апрел 17, 2017 17:16

Хабарҳои дигари ин бахш

BagdadГурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» масъулияти таркиш дар Бағдодро бар дӯш гирифт
KNDR-3Кореяи Шимолӣ озмоиши мушаки баллистикӣ гузаронд
NikabОлмон лоиҳаи қонунро оид ба манъи либосе, ки пурра рӯйро мепӯшонад, қабул кард
ПентагонТрамп ба Пентагон барои ба Ироқ ва Сурия фиристодани неруҳои бештар иҷозат дод
Siriya-vojnaСММ дар бораи қурбон шудани даҳҳо нафар бар асари ҳамлаҳои ҳавоии эътилофи байналмилалӣ дар Сурия хабар дод
AfganВазири мудофиа ва сардори Ситоди артиши Афғонистон истеъфо доданд
Си ЧинпинСи Ҷинпин Трампро ба таҳаммулпазирӣ нисбат ба вазъи Кореяи Шимолӣ даъват кард
Kazahstan-1Қазоқистон: Парлумон ва Раёсати рӯҳонии мусулмонони Қазоқистон пешниҳоди Назарбоевро доир ба манъи риш ва либоси сиёҳи мусулмонӣ амалан ҷонибдорӣ намуданд
NazarbaevПрезиденти Қазоқистон манъи пӯшидани либоси сиёҳро пешниҳод кард
KolumbiyaШумораи қурбониёни ярч дар Колумбия ба 19 нафар расид
Mosul-1Дар Мосул яке аз ёварони роҳбари гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд
Mosul-2Дар Мосул «мергани асосӣ»-и гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» нобуд карда шуд